Ҳамлаи нав ба Запорожйе. Дастикам 17 касро куштаанд

Ҳамлаи нав ба Запорожйе. Дастикам 17 касро куштаанд
Як мансабдори баландпоя дар шаҳри Запорожйе, ҷануби Украина, мегӯяд, нерӯҳои Русия шаби 8-уми октябр бо сар додани чанд мушак камаш 17 нафарро куштаанд.
Котиби Шӯрои маҳаллии Запорожйе Анатолий Куртев 9-уми октябр гуфт, ҳамла бештар ба он қисми шаҳр, ки зери назорати Украина аст, сурат гирифт. Ба иттилои ӯ, дар як ҳафтаи охир дар онҷо панҷ хона вайрон шуда, тақрибан 40 манзили дигар осеб дид.
Бино ба аксҳое, ки мақомоти низомии Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ба биноҳои истиқоматӣ дар Запорожйе зарари ҷиддӣ расидааст.
Рӯзи 6-уми октябр низ дар Запорожйе бар асари тирпарронии шадид 11 нафар кушта шуданд. Ҳамлаи нав баъди он он сурат гирифт, ки таркишу сӯхтори азиме рӯзи 8-уми октябр ҳаракати нақлиётро дар як пули муҳиме, ки Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад, қатъ кард.
Нерӯҳои Украина дар ҳафтаҳои охир ва дар ҳамлаҳои ҷавобӣ дар ҷанубу шарқ ба пешрафтҳои чашмрасе ноил шуда, нерӯҳои Русияро дар бисёре аз минтақаҳо ба ақибнишинӣ маҷбур карданд.
Украина мегӯяд, беш аз 770 километри мураббаъ қаламраверо, ки замоне нерӯҳои Русия ишғол карда буданд, озод кардааст.
Талафоти Русия пас аз он идома ёфт, ки Маскав бархилофи қонунҳои байнулмилалӣ ва ҳамапурсии сохта эълон кард, ки вилоятҳои Херсон, Запорожйе, Донетск ва Луҳански Украинаро ба қаламраваш шомил мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий