Директори ТОҶИК-ЭЙР: медони? ман 50 нафар одамкуш дорум...

Директори ТОҶИК-ЭЙР: медони? ман 50 нафар одамкуш дорум...


Сорбонхӯҷа Сафаров дар номааш ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навиштааст, ки мудири собиқи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов мехоҳад тамоми бори гуноҳашро ба гардани бародари вай андохта, худ аз ҷавобгарӣ озод шавад. Азизулло Сафаровро моҳи март дар пайи ба прокуратураи генералӣ супурдани маблағи бузурги 836 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд. Вале Сорбонхӯҷа Сафаров менависад, ки дар асл 100 ҳазори ин пул аз Хайрулло Раҳимов, 100 ҳазораш аз "Тоҷик Эйр” ва боқимондааш аз Наврӯз Баротов ном як роҳбари масъули ин ширкат буд ва бародари вайро, ки ҳанӯз ду сол пеш корро дар "Тоҷик Эйр” бас карда буд, бегуноҳ ба ҷои инҳо дастгир кардаанд. Хайрулло Раҳимовро моҳи январ президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат аз кор ҷавоб дод. Ба зидди вай парвандаи ҷиноятӣ кушода, рӯзи 10 апрел боздошташ карданд, вале рӯзи 26 апрел Хайрулло Раҳимов ба шарти тарк накардани маҳалли зист озод шуд. Ширкати "Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрони молиявӣ тамоми парвозҳояшро дар аввали соли ҷорӣ қатъ кард. Қиссаи боздошти Азизулло Сафаров нишон медиҳад, ки мансабдорони бонуфуз, ҳатто агар ба даст биафтанд, касеро меёбанд, ки ба ҷои онҳо дар зиндон бишинад...

Нома ба раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ‌

Ассалому алейкум, Рустами Эмомалӣ

Аз Шумо хоҳиш дорам, ки бародарам Сафаров Азизулло Ятимович бо гуноҳи Хайрулло Раҳимов ва Баротов Наврӯз ва боз ду нафари дигар, ки ҳоло онҳо дар озодӣ ҳастанд, дар боздошт қарор дорад.

Рӯзи 21 03 2019 соати 10 рӯзона додарамро занг мезанад муфаттиши прокуратураи генералӣ Иброҳимзода Иброҳим. Мегӯяд, биё, маблағро одамони Хайрулло Раҳимов меоранд,аз дасташон гиру супор. Додарам меравад, Баротов Наврӯз одамашро роҳӣ мекунад, вай мегӯяд, ман бегоҳ занг мезанам, маблағро биё бигир.

Рӯзи 21 03 2019 соати 19 00 маблағро меорад, ба ман медиҳад дар назди прокуратураи генерал. Маблағро ман 30 сония қапидам дар дастам, муфаттиши прокуратураи генералӣ Иброҳимзода Иброҳим баромад, маро бо ду шоҳидам даровард маблағро бо номи ман Сафаров Сорбонхӯҷа Ятимович қабул кард. Ба маблағи 836 000 (ҳаштсаду сивушаш ҳазор сомонӣ). Аз ин маблағҳо 200 ҳазораш аз Хайруло Раҳимов, 100 ҳазораш аз "Тоҷик Эйр” омад ва боқимондааш аз Баротов Наврӯз мебошад.

Муфатиш гирифт, ба мо гуфт, равед, бародаратонро "уговорить” кунед, ки ҳамин гуноҳро ба каллаи худаш гирад, озодаш мекунам. Фақат ба мо қоғази даромадан медод, мегуфт, равед маслиҳат кунед, ба калла гирад.

Ду маротиба думоҳӣ додандаш ва 9 июл боз як моҳи дигар илова карданд.

Ман пеши Раҳимов Хайрулло рафтам. Маро мегӯяд, ман 50 вазири ошно дорам, 50 одамкуш дорам, маро медонӣ мегӯяд...

Аз шумо хоҳиш дорам, натиҷаашро бинед. Бародарам бемории қанд дорад, илтимос, бародарам Рустами Эмомалӣ, ма ба Шумо боварии комил дорам.

Илтимос мекунем шуморо, бародарам ҳоло дар СИЗО маҳкам аст бегуноҳ. Илтимос ҳамин масьаларо дида бароед, ҳақиқатро ҷорӣ кунед.

Сафаров Сорбонхӯҷа Ятимович ‌ 985 22 24 65

Комментарии (4)

  • Диталмона
    Диталмона

    Бародарат нав чояшро ёфт.  Аз бародарат мусичаи бегунох насоз.  Дар назди конун чавоб мегуяд. Касали канд бахона нест барои молу мулки давлатиро горат кардан. Аз чашмхои алои бародарат малум Аст ки инсони хуб нест. 

    Ҷавоб додан
  • Барзу
    Барзу

    Нафахмидам, ин маблаги чуброни зарар аст ё "хакки хизмат")))...

    Ҷавоб додан
  • Хикмат
    Хикмат

    Бародарт машеникай хамма медонан ки и одам я дзд бд 2 сол пеш ира дздиша капида бдан дздиша барои ами срш кардан хдтона бегунох нагирен рузтон ай ида бад машенико    

    Ҷавоб додан
  • Сорбон
    Сорбон

    Салом хавой гап назан бародар ягбор пурс Ки чиба кора бас кад Кай баскард агар индузд мешид барой Чи хайрулло рахимов Бо гурупаш маблагро супоридан бародар ма хакиката мехом дуздо дар озодихан агар ука мардаки хакикат дон боши дздиша лична ту даказат када бтони рав макомот дар ича харгапи менависи чавоб Дора бародар намедони харгап нанавис бародар ина номром985222465

    Ҷавоб додан
Оставить комментарий