Теҳрон гуфт, Ғарб наметавонад бо таҳримҳо иродаи худро алайҳи Эрон таҳмил кунад
Таҳримҳо як абзори ноком аст, кишварҳои ғарбӣ наметавонанд аз он истифода кунанд, то иродаи худро бар Эрон таҳмил кунанд.Дар ин бора Хабаргузории «Форс» аз изҳороти Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон нақл мекунад.Ӯ гуфтааст, ки Теҳрон барои муколама боз аст, аммо муколама бояд бар эҳтироми мутақобила бошад, на ба таҳдиду фишор.Рӯзи сешанбе Олмон, Бритониёи Кабир ва Фаронса дар як изҳороти муштарак Эронро бо таҳримҳои нав, аз ҷумла лағви тавофуқоти хадамоти ҳавоии дуҷониба ба далели интиқоли эҳтимолии мушакҳои баллистикии Теҳрон ба Федератсияи Русия таҳдид карданд.
Вазири хориҷаи Эрон Аббос Ароқчӣ гуфт, ин иддаъоҳо дурӯғанд."Кишварҳои ғарбӣ бояд бидонанд ва тааҷҷубовар аст, ки онҳо ҳоло намедонанд, ки таҳримҳо як абзори ноком аст ва онҳо наметавонанд бо таҳримҳо иродаи худро бар Эрон таҳрим кунанд, чи дар соҳаи ҳастаӣ ва чӣ дар дигар масъалаҳо«, — гуфт вазир.Раҳбари Вазорати хориҷаи Эрон изҳори тааҷҷуб кард, ки Ғарб то ҳол ба „таҷрибаи нокоми таҳримҳо“ умед дорад ва онро ба кор мебарад. Ӯ ба мамлакатҳои ғарбӣ тавсия кард, ки „роҳҳои худро тағйир диҳанд“."Гарчанде ки мо ҳамеша ба муколама кушода будем, ҳеҷ гоҳ аз мубоҳисаҳои созанда барои ноил шудан ба фаҳмиши умумии мавзӯъҳое, ки боиси баҳсу мунозира мешаванд, даст накашидаем ва омодаем, аммо муколама бояд бар пояи эҳтироми тарафайн бунёд шавад, ва на аз рӯи таҳдид ва фишор«, — гуфт Ароқчӣ.
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN бо такя ба манобеъи худ рӯзи 6 сентябр иддао кард, ки Эрон гӯё мушакҳои баллистикии кӯтоҳбурдро барои истифода дар Украина ба Русия интиқол додааст.Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ изҳороти расонаҳои амрикоӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Русияро рад кард.Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки гуфтугӯҳо дар бораи „баъзе интиқоли баъзе силоҳҳо“ ба Русия ҳеҷ асосе надоранд.Тавре намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Эрон қаблан изҳор дошт, ҳама гуна кӯшиши пайванд додани ҳамкориҳои дуҷонибаи Маскав ва Теҳрон бо низоъ дар Украина ба хотири сафед кардани идомаи интиқоли силоҳи Ғарб ба Киев сурат мегирад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)