Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Боздошти афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ бо миқдори зиёди маводи мухаддир
Як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикстон бо миқдори махсусан калон маводи мухаддир боздошт шудааст

Мақомоти пулиси  ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чанде пеш  дартақрибан 146 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд, хабар медиҳад "Авеста" дар такя ба манобеяш аз ВКД.

Ба иттилои манбаъ, бо гумони қочоқи ғайриқонунии ин маҳсулоти нашъадор як корманди Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар боздошт шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови автомашинаи лейтенанти калони қӯшунҳои сарҳадӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар тақрибан 146 кг маводи мухаддир, аз ҷумла 101 кило афъюн ва тақрибан 45 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда ният дошт, ки ин маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе интиқол диҳад.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, шахсони дигари дар ин ҷиноят дастдошта муайян карда мешаванд, афзудааст, манбаъ.

Комментарии (1)

  • Фируз
    Фируз
    Раёсати кофтукови чиноятии ВКД ЧТ ин амалиётро ба анчом расонид!
    Ҷавоб додан
Оставить комментарий