Низом Қосимро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод мекунанд
Субҳи 16 сентябри соли 2024 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлис баргузор шуд, ки дар он раисии Низом Қосим то соли 2040-ум тамдид карда шуд.Дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа хабар додааст."Иштирокчиёни он фаъолияти раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосимро баррасӣ карда, қарор карданд, ки раисии Низом Қосим то соли 2040-ум тамдид карда шавад«, — хабар додааст оқои Мирхоҷа.Вай ҳамчунин илова кардааст, ки Низом Қосим барои силсилаи балладаҳои ватандустонааш ба мукофоти байналмилалии Нобел пешниҳод карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Низом Қосим бори аввал соли 2015 ба ҳайси раиси Иттифоқи адибони Тоҷикистон интихоб шуда буд.Интихоби дигарбораи Низом Қосим рӯзи 23-юми декабр соли 2020 дар анҷумани 15-уми Иттифоқи адибон ва бидуни рақиб сурат гирифт.Низом Қосим 66-сола аст ва дар гузашта ду навбат вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои 2006 — 2010 ҳамчун мудири телевизиони давлатии „Баҳористон“ низ кор кардааст.
Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)