Вазорати дифои Русия талафоти артиши Украина дар Курскро эълон кард
Ба иттилои вазорати дифои Русия артиши Украина дар як шабонарӯз дар самти Курск беш аз 350 нафар низомӣ ва 13 мошини зиреҳпӯшро аз даст додааст.Ба иттилои вазорат, артиши Украина аз 6 август то кунун беш аз 13 ҳазору 800 сарбоз ва 115 танкашро дар Курск аз даст додааст."Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 350 нафар низомиён ва 13 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла ду танк ва 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин ду тӯпхона, се хумпораадоз, ду мушакандози чандгонаро ташкил дод«, — гуфта вазорати дифоъ.Вазорати дифоъ афзуд, амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Курск идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост«, — гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст."Душман дар самтҳои муҳим худро заъиф кардааст, ки нерӯҳои мо амалиёти худ суръат бахшиданд«, — гуфт раҳбари Русия.Владимир Путин қайд кард, ки талафоти нерӯҳои украинӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст."Ҳам аз лиҳози сарбоз ва ҳам техника талафот зиёд аст«, — гуфт президенти Русия.
Владимир Путин зикр кард, ки талафоти артиши Украина боиси харобшавии хатти ҷабҳа мешавад ва метавонад боиси коҳиши тавоноии ҷангӣ шавад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)