Мақомот: То имрӯз ба Тоҷикистон аз 127 кишвари ҷаҳон сайёҳ ворид шудааст

Мақомот: То имрӯз ба Тоҷикистон аз 127 кишвари ҷаҳон сайёҳ ворид шудааст
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба Тоҷикистон 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадаанд.Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1% зиёд мебошад.Ҳамчунин ба иттилои ин ниҳод ба Тоҷикистон аз замони ба даст овардани итиқлолият то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд.Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 адад, ба шаҳри Душанбе 101 адад, вилояти Суғд- 46, вилояти Хатлон- 17 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд.
Дар мамлакат 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 д осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий