Олимони точику рус дар ВМКБ саёҳати илмӣ доир карданд

Олимони точику рус дар ВМКБ саёҳати илмӣ доир карданд
Олимони тоҷику рус дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон экспедитсия гузаронданд.
Дар ин бора аз Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон хабар доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки лоиҳаи «Сафар ба илм» аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дар якҷоягӣ бо бахши Новосибирски Ҷамъияти ҷуғрофии Русия барои: оммавӣ гардондани объектҳои илмии ҷумҳурӣ; инкишофи туризми илмӣ дар мамлакат роҳандозӣ шуд.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи словянии Русияву Тоҷикистон якҷо бо бахши Новосибирски Ҷамъияти ҷуғрофии Русия бо мақсади оммавӣ гардонидани мавзеъҳои илмии Тоҷикистон ва рушди як намуди нави туризм барои ҷумҳурӣ — лоиҳаро туризми илмӣ «Сафар ба илм», ки дар доираи он чорабинихо барпо гардиданд, амалӣ намуд.
Дар натиҷаи экспедитсия олимон хатсайру барномаи сайру гашт тартиб дода, инчунин бо ҷойҳои ҷолиби диққат аз қабили шаҳраки Карон, қалъаҳои Вамар, Кааҳка, Ямчун ва ғайра шинос шуданд.
»Иштирокчиёни экспедитсия таваҷҷуҳи сайёҳонро ба зарурати шиносоии сайёҳон бо усулҳои муайян кардани вақти сохтмони биноҳо, бо технологияҳои қадимии сохтмони онҳо ҷалб намуданд», — таъкид кард манбаъ.
Ба ин муносибат бо мақсади муайян кардани синну соли чубини сутунҳо ва навъҳои дарахтоне, ки дар сохтмони иншоот истифода мешаванд, барои тадқиқоти минбаъда дар шаҳраки Карон, Қалъаҳои Вамар ва Ямчун маводи органики ҷамъ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли 2023 Русия дар қатори панҷ кишваре шомил буд, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон бештар сафарҳои туристӣ анҷом медоданд.
Тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30» афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 41-то дар ВМКБ, 101-то дар Душанбе, 46-то дар вилояти Суғд, 17-то дар вилояти Хатлон, 9-то дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий