Ду дурӯғи таъсисии ТЭТ ҲНИ: ё чи гуна наҳзатиён барои худ таърих ва ҳувият мебофанд
Решаҳои хориҷӣ, моҳияти воридотӣ ва таъйиноти геополитикии ТЭТ ҲНИ барои ҳамаи муҳаққиқон ошно буда, баҳсҳои илмию таърихӣ дар ин бора кайҳо поён ёфтаанд. Аммо худи роҳбарияти ин ташкилот барои пинҳон доштани ҳақиқати таърихӣ дар масъалаи раванди таъсисёбӣ ва заминаҳои сиёсию идеологии ташкилшавии ҳизбашон ҳамеша аз ривояту дуруғҳои бофта истифода менамоянд. Гарчӣ тамоми фаъолияти ин ташкилот саршор аз дуруғ аст, аммо дар ин бахш ду “дуруғи таъсисӣ”-и ТЭТ ҲНИ пешкаш мешаванд, ки ошноӣ бо онҳо моҳияти дуруғини ин ташкилотро бори дигар собит менамояд:
Дурӯғи якуми таъсисии ТЭТ ҲНИ:
ТЭТ ҲНИ ҳамеша иддаъо кардааст, ки ин ҳизб ҳанӯз дар соли 1973 таъсис ёфта, собиқаи 40-50 сола дорад. Аз ин рӯ, онҳо барои ҷалби оммаи мардум ҷашнҳои таблиғотии 30, 35, 40-солагии ҳизбро баргузор намуда, чунин вонамуд месохтанд, ки гӯё ин ташкилот ҳанӯз дар қаъри Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як созмон таъсис ёфта, дар он давра фаъолият намудааст. Тибқи навиштаи асосгузори ҲНИ С.А.Нурӣ, ҷаласаи таъсисии ин ҳизб ҳанӯз 20-уми апрели соли 1973 доир гаштааст, ки дар он Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов, Мулло Неъматулло Эшонзода, Одинабек Абдусаломов, Қаландар Садриддинов ва худи С.А.Нурӣ иштирок доштаанд. Ӯ илова мекунад, ки маҳз дар ҳамин нишаст, ки дар ноҳияи Бохтар ва дар хонаи Қаландар Садриддинов доир шуд, дар бораи таъсиси ташкилоти «Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон» қарор қабул гашт.
Аммо муҳаққиқи шинохтаи ин мавзӯъ, доктори илмҳои сиёсӣ Д.Назиров пас аз омӯзиши дақиқи ин масъала пурра исбот намудааст, ки ин иддао дар бораи гӯё дар ин вақт ва бо иштироки шахсони зикршуда доир шудани чунин ҷаласа, умуман ҳақиқат надошта, бо сабаби дар ҳамон вақт дар ҳудуди Тоҷикистон қарор надоштани баъзе аз ин шахсон, иштироки онҳо дар чунин ҷаласа умуман имконпазир набудааст. Доктор Д.Назиров, аз ҷумла чунин меорад, ки сокини ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппаи онрӯза Эшонзода Неъматулло, соли таваллудаш 1949, рӯзи 25-уми марти соли 2010 дар суҳбат бо муаллиф изҳор доштааст, ки ӯ аз соли 1971 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, танҳо охири моҳи майи соли 1973 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ӯ дар рӯзи 20-уми апрели соли 1973 дар Тоҷикистон набуда, дар чунин ҷаласае дар Қурғонтеппа иштирок дошта наметавонист.
Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки “иштирокчӣ”-и дигари ин ҷаласа Абдусаломов Одинабек, соли таваллудаш 1954, низ моҳи ноябри соли 1972 ба сафи Артиши Шуравӣ даъват шуда, танҳо моҳи октябри соли 1974 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ӯ низ умуман наметавонист иштирокчии ин ҷаласа бошад.
«Иштирокчӣ»-и сеюми «ҷаласаи таъсисӣ» Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов, таваллудаш 1954, пас аз тира шудани муносибатҳояш бо С.А.Нурӣ дар Афғонистон баргузории чунин «ҷаласаи таъсисии ҲНИТ»-ро пурра инкор карда, изҳор доштааст, ки ӯ аз моҳи ноябри соли 1972 то соли 1978 дар ҳудуди шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсили ғайрирасмии динӣ гирифта, дар ин муддат аз тарси ҷалб нашудан ба хизмати ҳарбӣ ягон бор ба Тоҷикистон наомадааст. Бинобар ин, ӯ низ наметавонист иштирокчии ин «маҷлиси таъсисии наҳзат» бошад.
Ҳамин тавр, ин фактҳои дақиқи таърихӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда муқоиса шудаанд, нишон медиҳанд, ки баргузор шудани чунин ҷаласа дар таърихи 20-уми апрели соли 1973 бо иштироки чунин шахсон умуман аз имконият берун будааст. Бинобар ин, бофтани ривоят дар бораи баргузории «ҷаласаи таъсисии наҳзат» дар соли 1973 як кӯшиши роҳбарони наҳзатӣ барои тӯлонӣ нишон додани таърихи фаъолияти худ буда, ягон асоси воқеӣ надорад. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки фаъолияти ин ташкилот аз оғоз бо дурӯғу фиреб бунёд шуда, ҳатто дар масъалаи таърихи таъсиси худ талош доранд, ки ба чашми ҷомеа ва таърих хок пошанд.
Бинобар ин, гарчӣ бо ҳидояту дастгирии эмиссарҳои хориҷӣ фаъолияти пинҳонию таблиғотию таълимии наҳзатиён ҳанӯз дар солҳои 80-ум оғоз шудааст, аммо онҳо фақат дар солҳои 90-ум ва пас аз таъсис ёфтани Ҳизби исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ба масъалаи таъсиси ҳизби сиёсӣ расида, анҷумани таъсисии худро 6-уми октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути ноҳияи Рудакӣ баргузор карданд.
Дурӯғи дуюми таъсисии ҲНИ:
Дар солҳои пас аз имзои Созишномаи сулҳ, роҳбарони ТЭТ ҲНИ ҳамеша кӯшиш менамуданд, ки худро як созмони дорои решаҳои миллӣ номида, онро як ҳизби “худҷӯш”, “дохилӣ” ва “тоҷикӣ” нишон диҳанд. С.А.Нурӣ дар ин масъала, аз ҷумла мегӯяд: “Ҳангоми таъсис додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аз касе чизеро тақлид накардем, ягон гуна таъсири ақидаҳои хориҷӣ ва хусусан, аз кишварҳои Ховари Миёна дар мо набуд. Ҳаракати мо сирфан дохилӣ, худҷӯш ва мардумӣ буд...” Аммо ин суханон ягон воқеият надоранд.
Зеро тарзи тафаккур, идеяҳои асосӣ ва худи сохтори ТЭТ ҲНИТ маҳз дар натиҷаи ба Тоҷикистон ворид шудани афкори бегонаи ваҳҳобию ихвонӣ ва баъдан, дар натиҷаи зери таъсири маслиҳату роҳбарии доираҳои махсуси хориҷӣ қарор гирифтани ин ҳизб шакл гирифтааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали пайдоиши ин раванд, фаъолони наҳзатӣ зери таъсири ақидаҳои сиёсии пешвоёни бунёдгароии исломии байналмилалӣ ҳамчун Ҳасан-ал-Банно, Сайид Қутб, Муҳаммад Қутб, Абу Аълои Мавдудӣ ва ғайраҳо қарор гирифта, кӯр-кӯрона аз афкори онҳо пайравӣ менамуданд. Чунин китобҳо дар он вақт ба воситаи донишҷӯён ва баъзе хизматчиёни давлатӣ, ки ба кишварҳои арабӣ сафар мекарданд, вориди Иттиҳоди Шӯравӣ мегаштанд. Пас аз озодтар шудани сафар ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯрвӣ фаъолияти мубаллиғони хориҷии афкори ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ҷиддитар шуд. Онҳо акнун на танҳо ба воридоти адабиёти таблиғотӣ, балки ба ворид кардани маблағҳои муайяне барои дастгирии ин равия оғоз намуданд.
Аз ҷумла, яке аз бунёдгузорони ҳизби наҳзат Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов ҳангоми бозгашт аз таҳсили худ дар шаҳри Андиҷони Узбекистон аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ бо беш аз 200 китоби динию идеологӣ дастгир шуда буд, ки дар байни онҳо осори муаллифони ҳаракатҳои ихвонию ваҳҳобӣ ҷой доштанд.
Ҳолати дигари робитаи наҳзатиён бо ҷосусони ихвонӣ ҳанӯз дар ҳамон солҳои Шӯравӣ ошкор ва пешгирӣ шуда буд. Яке аз фаъолони наҳзатӣ, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) бо донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои арабӣ дар алоқа шуда, дар ҳамкорӣ бо як нафар донишҷӯи ихвонӣ аз кишвари Судон бо номи Зубайд Содис мехостанд ба наҳзатиён барои нашри китобҳои идеологию динӣ як чопхонаи хурд (дастгоҳи типографӣ) бо алифбои арабӣ дастрас намоянд. Пас аз ошкор шудани ин нақша, бо мактуби эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сафорати Судон, ин донишҷӯ аз донишгоҳ ва умуман, аз ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ хориҷ карда шуд. Тавре нишон дода шуд, дар ташаккули ҷаҳонбинии наҳзатиён ҳамчунин, тақлиду пайравӣ аз роҳбарони инқилоби исломии Эрон ва муҷоҳидини Афғонистон низ нақши ҷиддӣ гузошта буд.
Масалан, солҳои 1990 аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон шаҳрванди Тоҷикистон Абдулҳамид Давлатов (бародари раиси собиқи ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода) ва инчунин шаҳрвандони Афғонистон - Абдураҳим валади Хоркаш, Давлатмад валади Рустам ва якчанд пайравони ҳизби наҳзат аз минтақаи Кӯлоб дастгир гардиданд. Аз рӯи гуфтаи марзшиканон, онҳо аз мақомоти ҷосусии онвақтаи Покистон ва Ҳизби исломии Афғонистон супориш гирифта буданд, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида, бо роҳи пинҳонкорӣ бо наҳзатиёни тоҷик ҳамкорӣ карда, гурӯҳҳои террористиву тахрибкор созмон дода, амалҳои душманонаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна анҷом диҳанд. Номбурдаҳо баъди пурра тасдиқ гардидани гуноҳашон аз тарафи мақомоти судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳамин тавр, даъвоҳои наҳзатиён дар бораи моҳияти худҷӯш ва маҳаллию тоҷикӣ доштани ин ташклот ягон асоси воқеӣ надошта, ТЭТ ҲНИ як ташкилоти воридотӣ ва маҳсули раванди геополитикии хеле фаротар аз Тоҷикистон аст. Моҳияти муздурӣ ва дастнишондагии хориҷӣ доштани ин ташкилоти ифротгаро дар бобҳои баъдии рисола ба таври бисёр муфассал ва ҳуҷҷатӣ нишон дода мешавад.
Ҳамин тавр, ин чанд мисоли мушаххас ва даҳҳо мисолу ҳолати дигар нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар масъалаи муаррифии ҳувияти худ бо як навъ мушкили зеҳнӣ ё комплекси равонӣ рӯбарӯ мебошанд. Зеро онҳо худашон ҳеҷ гуна решаи дохилӣ надоштан, ягон пояи миллию мардумӣ надоштан, пурра воридотӣ будан ва дастнишондаи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ будани ақидаи наҳзатӣ ва ҳизби наҳзати исломиро хуб медонанд. Бинобар ин, онҳо бегонагии комили худро бо фарҳанг, ҷомеа, арзишҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон эҳсос карда, барои рӯпӯш сохтани ин ҳолат кӯшиш мекунанд, ки худро ба муҳит, арзишҳо, муқаддасот ва мардуми Тоҷикистон нисбат диҳанд. Аммо чун аксаран бесаводу аз таъриху фарҳанги миллат бехабаранд, ин кӯшишҳои бисёр ноуҳдабароёна ҳар лаҳза дуруғ будани даъвоҳои онҳоро нишон медиҳад.
Саидхоҷа Акбаров,
собиқадори раванди оштии миллӣ,
узви зергурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ
оид ба шомил намудани нерӯҳои мухолифин
ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ҶТ
Манбаъ: https://telegra.ph

Комментарии (0)