Радду бадали Беларус ва Украина дар бораи ҳамла

Радду бадали Беларус ва Украина дар бораи ҳамла
Минск Украинаро ба омодагӣ ба ҳамла ба Беларус муттаҳам кард ва рӯзи 8-уми октябр ба сафираш Игор Кизим нотаи эътирозӣ супурд.
Вазорати корҳои хориҷии Украина бо нашри баёнияе иттиҳомро рад кард ва онро буҳтони режими Беларус номид. Ин ниҳод гуфтааст, Украина ҳеч гоҳ ба қаламрави кишвари бегона таҷовуз накарда.
Мақомоти Украина аз эҳтимол дур намедонанд, ки супурдани нота нақшаи Русия барои бадном кардани Киев аст. Онҳо аз мақомоти Беларус хостаанд, “аз иҷрои талабҳои Кремл даст кашанд” ва аз мардуми Беларус даъват кардаанд, ки ба иғво дода нашаванд.
Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко борҳо изҳор доштааст, ки Беларус дар ҷанги Русия дар Украина ширкат надорад ва танҳо фирориёну захмиёнро мепазирад. Дар асл, Беларус аз ҷониби нерӯҳои Русия ҳамчун майдоне барои ҳамла ба Украина истифода мешавад.
Минск ҳамчун ҳампаймони Маскав, пас аз оғози ҷанг дар Украина, зери таҳримҳои вазнини Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар мондааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий