Паймони ифротии Кабириро маҳкум месозем.

Паймони ифротии Кабириро маҳкум месозем.
Имрӯзҳо дар тамоми сомонаҳои интернети вобаста ба ташкили Паймони миллии  Тоҷикистон баҳсҳо ба миён омадааст, ки ин созмон бо сардории Муҳидин Кабирӣ ташкил шуда идаҳо доранд, ки “Ғами миллатро мехуранд”.

Вале тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзатӣ таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ дар минбарҳои баланд аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон сухан мегӯянд. Вале миллати тоҷик акнун аз ҳадафу мақсад ва нақшаҳои ифротии гурӯҳи зикргардида огаҳӣ ёфтаанд ва ҳеҷ гоҳ ба фитнаангезии онҳо фирефта нахоҳанд шуд, зеро Кабирӣ ва пайравони ӯ аз тоифаи шахсоне ҳастанд, ки баҳри пул ба ҳамаи кор қодиранд ва танҳо бо ин рафторашон мақсади фитнаангезӣ, парокандагӣ ва тафриқаандозӣ дар байни халқро доранд.

Имрӯзҳо баъди аз даст додани мақоми худ дар назди миллат ва лаънатхондаи мардум гаштанаш, М. Кабирӣ мақсад дорад ба роҳи “худсофкунӣ”, гунаҳгор кардани Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро дар назди халқ бегуноҳ нишон диҳад, воқеан ҳам   дар  ҷаҳони имрӯза техналогияи муосири сиёсӣ қудрати онро дорад, ки бо шеваҳои гуногуни шахсиятсозию шахсиятсӯзӣ, шахсеро дар чашми мардум бузург ё хурд ҷилва диҳад. Аммо таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки чеҳраҳои сунъии таблиғоти расонаӣ бо гузашти андак замоне аз байн мераванд ва дар бекаронии таърих нопадид мегарданд.

Мардуми тоҷик ин  хислати ноҷавонмардонаи Кабириро ҳамчун зуҳуроти номатлуби ифротӣ, хиёнати навбатӣ бар миллати тоҷик ва бар ивази пул таблиғи як созмони пучу дурӯғ маҳкум месозанд, зеро Кабирӣ дар баробари фитрати пасти худ садҳо ҷавонони  бесаводу гумроҳро ба вартаи хиёнату нобудӣ мекашонад.

Кабирӣ бояд донад, ки симои манфур ва палиди ӯ дар назди мардум ҳамчун хоин, ғуломи зархариди хоҷагони хориҷӣ тасвир шудааст ва тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамбастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат  бо терроризму экстремизм аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дасгирӣ ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ қадам ба қадам  дар пеши назари мардум афзуда, дар назди мардум ҳамчун фарзанди содиқи халқу миллат ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамон гуна ки аҳли як хонадон фарзанди худро дар пеши чашмонашон аз як навҷавони навқад бо як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғуши Ватану миллат ва дар сояи дуову дасгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ, мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошад ва ҳеҷ як қувваи аҳриманӣ бо фитнаю дурӯғи худ наметавонад маҳбубияти ӯро дар назди мардум коста гардонад.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик:             Қурбонов Анушервон

https://www.facebook.com/ 

Комментарии (0)

Оставить комментарий