Матвиенко: То Русия ба ҳадафаш нарасад амалиёти вижа ба анҷом намерасад

Матвиенко: То Русия ба ҳадафаш нарасад амалиёти вижа ба анҷом намерасад
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия гуфт, то замоне, ки Русия ба ҳадафҳое, ки дар оғози амалиёти вижаи низомӣ гузошта шуда буданд нарасад, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хотима намеёбад."Имрӯз Русия шартҳоеро мураттаб кардааст, ки дар он барои музокирот омода аст. Ин шартҳо бо оғози амалиёти низомии вижа баён шуда буданд. То ба онҳо ноил нашавем, мо дигар хел рафтор карда наметавонем, мо бояд ба ҳадафҳое, ки амалиёти вижаи низомии муқаррар кардааст, бирасем«, — гуфт вай дар конференцияи матбуотӣ баъди ҷаласаи Шӯрои Федератсия.Вай қайд кард, ки Украина набояд лоиҳаи зидди Русия бошад."Дар Ғарб аллакай корҳои ҷиддии таҳлилӣ ҷараён дорад, зеро «ба андозсупорандагон бояд чизе бифурӯшанд» ва пас аз ин ҳама нокомиҳо ин мушкилтар мешавад«, гуфт хонум Матвиенко.Вай илова кард, ки Русия садхо миллиард доллар масраф кунаду ба ҳадафе нарасад, ин қобили қабул нест.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки „Русия пирӯз мешавад“ ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.Ба гуфтаи ӯ, Киев мардуми худро ба несту нобуд кардан тела медиҳад ва худи низомиёни украинӣ мегӯянд, ки ин роҳ ба як тараф аст."Ғарб ба Украина ҳама чизеро, ки ваъда дода буд, дод, ҳатто бештар аз он, аммо мо аз оғози «ҳамлаи ҷавобӣ"-и Киев аллакай 747 танк ва 2,3 ҳазор мошини зиреҳпӯшро нобуд кардем«, — гуфт Путин.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий