Садамаи ду дипломати Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Садамаи ду дипломати Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Дар садамае дар 7-километрии ноҳияи Дарвоз ду дипломати Ҳиндустон захмӣ шуда, дар шифохонаи маҳаллӣ бистарӣ гардидаанд.
Ба иттилои дарёфтӣ, яке аз онҳо консул ва дигаре масъули атташеи низомии сафорат аст.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки “Toyota Land Cruiser”-и дипломатҳои Ҳинд дар деҳаи Сангевни Дарвоз ба девори сари роҳ бархӯрд.
Мақомот ному насаби онҳоро зикр накарда, аммо гуфтаанд, ки яке 58-сола ва дигаре 41-сола ҳастанд.
Дар айни замон аз ронандагон хоста шудааст, ки дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий