HRW аз Русия хост, Кара-Мурзаро фавран озод кунад

HRW аз Русия хост, Кара-Мурзаро фавран озод кунад
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) иттиҳоми “хиёнат ба давлат”-и Владимир Кара-Мурза, фаъоли мухолифонро дар Русия, “севумин иттиҳоми беасос” аз лаҳзаи боздошти ӯ дар ним соли пеш донист.
Расонаҳои Русия ҳафтаи гузашта ба нақл аз мақомоти интизомӣ ва манобеи худ навиштанд, ки иттиҳоми хиёнат ба давлат алайҳи Кара-Мурза “аз ҳамкории эҳтимолии ӯ бо созмонҳои узви НАТО” бармеояд.
Дар сурати собит шудани иттиҳом ба ӯ то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) онро “кӯшиши ошкор барои аз байн бурдани ҳар гуна танқиди Кремл ва пешгирӣ аз иртибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ” номид.
Ҳю Уилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, “дардовар аст, ки Кремл Кара-Мурзаро таҳдиди мустақим медонад.”
“Ин иттиҳоми зидди ӯ ва боздошти тӯлонимуддаташ масхараи адолат аст. Мақомоти Русия бояд Кара-Мурзаро фавран ва бе ҳеч шарте озод кунанд ва тамоми иттиҳомоти зидди ӯро бекор намоянд,” – афзудааст ӯ.
Владимир Кара-Мурза, сиёсатмадори 41-сола, моҳи апрели имсол боздошт ва дар аввал ба иттиҳоми итоат накардан ба пулис ба 15 рӯз ҳабс маҳкум шуд.
Дертар ӯро ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи артиши Русия гумонбар донистанд. Худаш ҳамагуна иттиҳомро рад карда, дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.
Кара-Мурза яке аз шарикони наздики пешвои кушташудаи мухолифин Борис Немтсов аст. Вай ду дафъа – солҳои 2015 ва 2017 – бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий