Эътирозгарон талаб карданду кишвардор пазируфт: Жээнбеков истеъфо дод - акс

Эътирозгарон талаб карданду кишвардор пазируфт: Жээнбеков истеъфо дод - акс
Ҷонибдорони сарвазири тозатаъин Садир Жопаров истеъфои Сооронбой Жээнбековро талаб намуданд. Онҳо назди меҳмонхонаи "Иссик - Кул" ва бинои ҳукумат гирд омада буданд

Пас аз эътирозҳои густурда дар  чанд рӯзи ахир, президент Сооронбой Жээнбеков имрӯз аризаи ба истеъфо рафтани худро пешниҳод кард.
Жээнбеков изҳор доштааст, ки якпорчагӣ ва муттаҳидии шаҳрвандони Қирғизистон афзалтар аз ҳар гуна мақому қудрат мебошад.

Ӯ гуфт, намехоҳад дар хунрезии ҳамватанони худ даст дошта бошад.

"Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте бошам, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам", - таъкид доштааст Жээнбеков.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий