Шаби ноором дар Қирғизистон: гузориши аксӣ аз тазоҳуроти Бишкек - акс

Шаби ноором дар Қирғизистон: гузориши аксӣ аз тазоҳуроти Бишкек - акс
Дар майдони Ала-Тоои Бишкек 4-3 ҳазор кас ба тазоҳурот баромада, бо пулис даргир шуданд ва дар натиҷа 590 кас захмӣ ва як нафар ҷон аз даст дод

Даргирӣ миёни тазоҳургарон ва мақомоти пулис соатҳои 8-и бегоҳ (бо вақти Бишкек) авҷ гирифт. Мардуми норозӣ ба назди "Қасри Сафед" наздик мешуданд ва ба девораҳои он баромада ба сӯи бино ҳуҷум карданд.

Дар ҳамин ҳол, қувваҳои вижа омада мардумро бо гази ашковар меронд, вале тазоҳургарон ба осонӣ майдонро холӣ намекарданд.

Даргирӣ миёни мақомот ва тазоҳургарон чанд соат идома кард. Дар умум дар паи таниш 590 кас ҷароҳатдор шуда, як нафар ҷон бохт ва 13 каси дигар дар шуъбаи эҳё қарор гирифтанд. Дар тазоҳурот 3-4 ҳазор кас ширкат кард.

Наздики соати 3-и шаб, тазоҳургарон "Кохи Сафед" - ро забт карданд. Кормандони мақомот он замон дида намешуданд.

Наздики соати 4-и саҳар тазоҳургарон ба ҷониби бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафтанд ва озод кардани Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Пас аз ним соат, собиқ раисиҷумҳур дар иҳоати ҷонибдоронаш берун шуд.

Соати 7-и бомдод аз тирезаҳои "Кохи Сафед", ки ба дасти мухолифин афтод, дуд баромад.

Соати 7:30 дар бораи озод шудани сарвазири пешин Сапар Исоқов ва вакили собиқ Равшан Жээнбеков хабар дода шуд.

Сухангӯи президент Тологонай Стамалиева изҳор дошт, ки Сооронбой Жээнбеков вазъиятро таҳти назорати худ гирифтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий