Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори дақиқи гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавируси COVID - 19 - ро нашр кард

Дар Ӯзбекистон беш аз 30 ҳазор кас гирифтори маризии COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши ин ниҳод дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар 738 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст.

"То 9 август дар ҳудуди Ӯзбекистон 30 197 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон афзуда, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 5 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус ба 190 нафар расид.

Дар баробари ин дар Ӯзбекистон беш аз 21,3 ҳазор кас аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.
 
Ёдрас мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID - 19 дар бадани як мусофир, ки аз Фаронса омада буд, дарёфт гардид.

Дар Ӯзбекистон то 15 август карантин ҷорӣ гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий