12 фавт дар як рӯз: теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 1409 нафар расид

12 фавт дар як рӯз: теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон ба 1409 нафар расид
Вазорати тандурустии Қирғизистон охирон омори фавт аз маризии коронавирусро мунташир намуд. Бо иловаи мавориди ҷадиди фавт теъдоди умумии қурбониён ба 1409 нафар баробар шуд

Дар Қирғизистон боз 12 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама беш фавт дар шаҳри Бишкек сурат мегирад. Танҳо дар як шабонарӯз дар ин шаҳр дасти кам 4 бемор фавтиданд. Инчунин се маризи дигар дар вилояти Ҷалолобод ҷон бохтанд. Дар чаҳор вилояти боқимонда, як ва ду мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст

Вазорати тандурустӣ меафзояд, бо илова шудани 12 мавриди ҷадид, теъдоди умумии қурбониён ба 1409 нафар баробар шуд.

Зикр мегардад, ки вазъи санитарӣ - эпидемиологии Қирғизистон якбора мобайнҳои июн ваҳим шуд.

Мақомоти ин кишвар иллати бад шудани вазъиятро ба риоя нагардидани фосилаи иҷтимоӣ, баргузории тӯю азодорӣ бидуни маҳдудиятҳо, гашту гузор бе ниқоби тибббӣ рабт медиҳанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий