Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт

Афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 25 ҳазор гузашт
То 20 июли соли равон шумораи гирифторони бемории коронавируси COVID - 19 дар қаламрави Ӯзбекистон ба 16 966 кас расид

 Дар қаламрави Ӯзбекистон дар давоми шабонарӯзи гузашта 736 кас мубталои маризии коронавируси COVID - 19 шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ,  теъдоди умумии гирифторони ин беморӣ дар ин кишвар аз марзи 25 ҳазор нафар гузаштааст. 

"То 2 августи соли равон шумораи гирифторони бемории коронавируси COVID - 19 дар қаламрави Ӯзбекистон ба 25040 нафар расид", - омадааст дар хабарномаи Вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, ки 736 ҳолати нав нишондиҳандаи дуввуми зиёдшавии ҳолатҳои коронавирус мебошад. Баландтарин сатҳи сироятёбӣ 1 август ба қайд гирифта шудааст - 746 бемор.

Вазорати тандурустӣ илова кардааст, ки дар давоми 24 соати охир дар Ӯзбекистон шаш ҳолати марги беморон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ шумораи умумии қурбониён дар ин кишвар ба 149 нафар расид.

Ҳамзамон, аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ 15 299 шаҳрванд аз сироятёбӣ шифо ёфтанд.

Ёдовар мешавем,  дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус рӯзи 15 март сабт шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий