10 миллион доллар кумаки Алишер Усмонов ба пизишкони Ёрии таъҷилии Ӯзбекистон

10 миллион доллар кумаки Алишер Усмонов ба пизишкони Ёрии таъҷилии Ӯзбекистон
Маблағи калони пулӣ, ки бизнесмен Алишер Усмонов дар ихтиёри ҳукумати Ӯзбекситон қарор дод, ҳамчун кумаки яквақтаина ба кормандони Ёрии таъҷилӣ тақсим мешавад

Соҳибкори маъруф ва хайрхоҳ Алишер Усмонов ба Ӯзбекистон 100 миллиард сӯм (10 миллион доллар) ҷудо кард, хабар медиҳад UzA.

"Ин маблағ ва инчунин иловатан 100 миллиард сӯм аз буҷаи давлат барои ҳавасмандгардонии кормандони ёрии таъҷилӣ ҷудо карда мешавад", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамин тариқ, табибон ҳар кадом 5 миллион сӯм, кормандони ҳамширагӣ 4 миллион ва ронандагон 3 миллион сӯм мегиранд.

Кумак яквақтаина буда, пардохт танҳо ба коргароне, ки то 1 июни соли ҷорӣ ба кор қабул гардиданд, дахл дорад.

Ёдовар мешавем, қаблан Алишер Усмонов ба фонди ҳаракати миллии "Саховат ва кумак" 2,5 миллиард сӯм ихтисос дода буд. Ин маблағҳо барои 1000 оилаи камбизоат аз 48 маҳаллаи ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон тақсим карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий