Имоми масҷид 11 нафар сокини кишварро бераҳмона ба қатл расонд.

Имоми масҷид 11 нафар сокини кишварро бераҳмона ба қатл расонд.
Кобул. Рӯзи якшанбе, имоми масҷид 11 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занон ва кӯдаконро дар масҷиди вилояти ғарбии Фарахи ҶИА дар натиҷаи тирпаронӣ ба қатл расонид.

Ҳодиса дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҳаким-Сафид, ки таҳти назорати ҳаракати Толибон қарор дошт, рух дод. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ҳамлагар имоми масҷиди маҳаллӣ буд  ва ҳодиса аз рӯи хусумати оилавӣ рух додааст. 

Маълум гардид, ки имоми масҷид духтари 12-солаи худро мехост бар ивази гирифтани зани дуюм диҳад, вале хешовандони зани якумаш ба кирдори ӯ мухолиф баромаданд. Баъди ин имом ба хешовандони худ оташ кушод. Ҷабрдидагони дигари ҳодиса аъзои оилаҳои дигар, ки кӯшиши ҳалли низоъро доштанд, шуданд. 

Тибқи гузоришҳо, дар натиҷа ҳодиса 11 нафар кушта шуданд, ки аз онҳо 7 нафараш зан ва ду ноболиғ буд. Илова бар ин, 14 нафари боқимонда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ гирифтанд. 

Сарфи назар аз он, ки куштори даҳҳо нафар аз тарафи имом дар пеши назари намозгузорон шуда гузашт, ҳамлагар тавонист аз ҷойи ҳодиса фирор намояд. Айни замон шахси ҷинояткор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий