ШУМО ОБРӮИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО РЕЗОНДЕД! ИНТИҚОДИ ТУНДИ ЗУҲУРОВ АЗ ХАДАМОТИ ЗИДДИМОНОПОЛӢ

ШУМО ОБРӮИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО РЕЗОНДЕД! ИНТИҚОДИ ТУНДИ ЗУҲУРОВ АЗ ХАДАМОТИ ЗИДДИМОНОПОЛӢ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 26 апрел дар ҷаласаи парлумон башиддат аз фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ интиқод кард. "Шумо бо як қарори беандешаатон дар тӯли як моҳ Тоҷикистонро ба "қаҳрамони асосӣ”-и матбуоти ҷаҳонӣ табдил додед. Шумо обрӯи роҳбари давлатро резондед”, - гуфтааст Зуҳуров хитоб ба роҳбарони Хадамоти зиддимонополӣ. Вале бисёриҳо суол гузоштаанд, ки чаро мансабдорони баландпоя, аз ҷумла Зуҳуров, то замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмон фармони Хадамоти зиддимонополиро бекор накард, ба даҳон об гирифта буданд?

Бино ба гузориши Аваз Юлдошев, хабарнигори парлумонии "Азия Плюс”, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 26 апрел дар иҷлосияи ин маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон бо як лаҳни тунд аз фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ интиқод кардааст.

"Шумо бо як қарори беандешаатон дар тӯли як моҳ Тоҷикистонро ба "қаҳрамони асосӣ”-и матбуоти ҷаҳонӣ табдил додед. Шумо обрӯи роҳбари давлатро резондед”, - гуфтааст Зуҳуров хитоб ба роҳбарони Хадамоти зиддимонополӣ.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, вазорату идораҳои кишвар пеш аз он ки нархи ин ё он маҳсулот ё хидматрасониро боло мебаранд, бахусус дар бахши иҷтимоӣ, бояд чуқур андеша кунанд. "Вақте ки Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаву обод табдил ёфт ва аҳолӣ бидуни мушкил зиндагиашро пеш бурд, он вақт метавон нархҳоро беохир боло баред, вале ҳоло мо ба ин иҷозат дода наметавонем”, – гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров.

Вале бисёриҳо суол гузоштаанд, ки чаро мансабдорони баландпоя, аз ҷумла Шукурҷон Зуҳуров, то замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмон фармони Хадамоти зиддимонополиро бекор накард, ба даҳон об гирифта буданд?

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 март Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон фармоиши баҳсбарангезеро таҳти рақами 31 қабул кард, ки бар асоси он, ширкатҳои мобилӣ аз 18 апрел нархи истифодаи Интернет ва суҳбатҳо бо телефонҳои мобилро бамаротиб боло бурданд. Ин қарор дар ҷомиа мавҷи эътирозҳоро барангехт ва бисёриҳо ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд, то ба ин қазия дахолат карда, қарори Хадамоти зиддимонополиро бекор ва дасти мансабдоронеро, ки бидуни андеша даст ба ҷайби мардум мебаранд, кӯтоҳ кунад.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин мавҷи эътирозҳо рӯзи 23 апрел фармони боло бурдани нархҳои алоқа ва Интернетро бекор кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон "нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.”Ин ниҳод ҳамчунин хабар дод, ки "бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти президент шарҳ надод, ки нисбат ба кадом мансабдор "чораҷӯӣ” карда шуд, вале ҳамон рӯзи 23 апрел Саъдӣ Қодирзода аз мақоми сардори Хадамоти зиддимонополӣ озод карда шуда, ба вазифаи ... боз ҳам баландтари муовини роҳбари дастгоҳи президент таъйин шуд.

Бино ба хабарҳои ҳанӯз расман тасдиқношуда, Бег Сабур, раҳбари худхоҳи Хадамоти алоқа низ дар пайи ин моҷарои охир аз мақом барканор карда шудааст. Манобеи "Ахбор” мегӯянд, сарнавишти Бег Сабур ҳамон рӯзи 23 апрел ҳал шуд ва фармони барканориаш шояд рӯзҳои наздик, баъди бозгашти Эмомалӣ Раҳмон аз сафари Чин нашр шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий