Дониҷӯёни туркмани донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафар ба ватанашон метарсанд

Дониҷӯёни туркмани донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафар ба ватанашон метарсанд
Ҳудуди 100 нафар аз донишҷӯёни туркмани донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон пас аз сафар ба кишварашон дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд

Ба нақл аз "Парс тудэй", донишҷӯёни туркмани донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафар ба ватани хеш ҳарос доранд. 

Бино бар иттилои манбаъ, ин тарсу нигаронӣ ба монеъатарошиҳои мақомоти Туркманистон барои хуруҷи донишҷӯёни муҳассил дар Тоҷикистон аз кишварашон аст.

"Тибқи ин гузориш аз оғози соли равони таҳсилӣ ҳудуди 100 нафар аз донишҷӯёни туркмани донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон пас аз сафар ба кишварашон дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳамин сарнавишт барои шуморе аз донишҷӯёни туркмани донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон низ пеш омадааст.

Аъзам Бедуллоҳов муовини раиси донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтааст бархе донишҷӯёни туркман аз идомаи таҳсил бозмондаанд.

Гуфта мешавад мақомоти туркман дар моҳҳои ахир монеъи хуруҷи наздик ба ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои сафар ба Тоҷикистон шудаанд.

Мақомоти Туркманистон далели ин иқдомашро шарҳ надодааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий