Сафари Ятимов ба Кобул. Тоҷикистону Толибон ба чӣ тавофуқ расиданд?

Сафари Ятимов ба Кобул. Тоҷикистону Толибон ба чӣ тавофуқ расиданд?
Расонаҳои Афғонистон аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон хабар додаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ин сафар дар нимаи дувуми моҳи август сурат гирифтааст. Толибон дар Тоҷикистон як гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дониста мешаванд.

Раиси КДАМ дар Афғонистон чӣ кор кардааст?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокунише накардаанд. Аммо як манбаи наздик ба Вазорати корҳои хориҷии Толибон ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки Саймумин Ятимовро дар ин сафар дипломатҳои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, раиси КДАМ Тоҷикистон бо Абдулло Васиқ, раиси истихбороти Толибон, Шамсуддини Кишмӣ, Додситони кулли Толибон ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши Толибон дидор кардааст.

На мақомоти Тоҷикистон ва на мақомоти Толибон дар бораи ин сафар расман маълумоте нашр накардаанд. Аммо бино ба маълумоти як манбаъи наздик ба ниҳоди сиёсати берунии Толибон Саъдӣ Шарифӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар Афғонистон дар ин сафар ҳамроҳи Ятимов будааст ва тавофуқ ҳосил шудааст, ки ӯ маъмурияташро дар Кобул идома медиҳад ва он ҷо боқӣ мондааст.

Дар охири моҳи август пойгоҳи хабарии “Ираф”, ки дар Теҳрон қарор дорад, навишт, ки Тоҷикистон дар пайи хуб шудани равобиташ бо Толибон ба зудӣ сафирашро ба ин кишвар мефиристад. Ин хабаргузорӣ навишт, ки то рафтани сафир, се дипломати тоҷик дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул кори марбут ба раводид ва хадамоти консулиро анҷом медиҳанд. Ин пойгоҳ ҳамчунин навишта, ки қарор аст раиси КДАМ бо як тарҳи сулҳ ба Кобул биравад, ки “бо мақомҳои пешини ҷумҳурият, ки дар Тоҷикистонанд тавофуқ шудааст”.

Расонаҳои Афғонистон ба такя ба манбаъҳояшон навиштаанд, ки гӯё ин сафари Саймумин Ятимов бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи он “тақвияти равобити Тоҷикистон бо Толибон” будааст. Ба навиштаи ин расонаҳо, Ятимов натиҷаҳои сафари худро баъди бозгашт “пурмуҳтаво” хондааст.

Баҳси намояндагии Толибон дар Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки яке аз мавзуъҳои аслии дидори раиси КДАМ Тоҷикистон бо мақомоти Толибон пазируфтани намояндаи Толибон дар Душанбе будааст. Як манбаъ, бидуни бурдани номаш гуфт, ки дар ин замина мувофиқа ҳосил шудааст ва Тоҷикистон хостааст, ки яке аз дипломатҳои собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҳайси намояндаи Толибон таъин шавад. Ин манбаъ мегӯяд, радду бадалҳо бар сари номзадии ду дипломати собиқ, аз ҷумла Ҷавод Шуъла, дипломати пешини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон миёни Душанбе ва Кобул сурат гирифтааст.

Аммо Фаҳим Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон дар сафорати ин кишвар дар Душанбе, ки ҳоло муқими Канада аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон номзадии Асадуллои Осим, яке аз аъзои худро пешниҳод кардаанд, ки Тоҷикистон то кунун ба ин пешниҳод посухе надодааст. Гуфта мешавад, Асадуллои Осим, собиқаи дипломатӣ надошта, яке аз муллоҳои аъзои гуруҳи Толибон буда, паштунтабор ва зодаи вилояти Лағмон мебошад.

Бино ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ аз манбаъҳои худ, қабл аз сафари Саймумин Ятимов ба Кобул, сафари ду мақоми баландпояи Толибон - Шамсуддини Кишмӣ, Додситони кул ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли артиши Толибон ба Душанбе барои расмӣ шудани равобит сурат гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ин мақомҳои Толибон дар Душанбе бо раиси КДАМ-и Тоҷикистон, Додситони кулли Тоҷикистон ва ва сардори Ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бораи равобити Толибон бо Тоҷикистон, табодули зиндониён ва масоили дигари амниятиву низомӣ суҳбат кардаанд.

"Чин миёнарав аст"

Аҷмал Суҳайл, коршиноси масоили терроризм дар Олмон ба телевизиони “Афғонистон интернейшнал” гуфтааст, ки равобити Толибон бо Тоҷикистон бо миёнаравии Чин оғоз шудааст. Ӯ аз як мулоқоти пушти пардаи мақомоти Тоҷикистону Толибон бо подармиёнии Чин дар моҳи декабри 2023 ёд кардааст.

Ба гуфтаи Аҷмал Суҳайл, Қори Фасеҳуддин моҳи юли имсол дар Душанбе Эмомалӣ Собирзода, раиси Ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мулоқот ба тавофуқ расидаанд, ки равобити низомӣ ва зидди терроризми худро бо Тоҷикистон густариш бидиҳад ва Тоҷикистон аз таниш бо Толибон ҷилавгирӣ кунад.

Ба гуфтаи ин коршинос, Қори Фасеҳуддин ваъда додааст, ки Толибон аз корҳои гуруҳи “Ансоруллоҳ” пешгирӣ мекунанд ва аз Тоҷикистон хостааст, ки аз фаъолиятҳои Ҷабҳаи муҷовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҳимоят аз ДОИШ ҷилавгирӣ кунад.

Оғози равобити Тоҷикистон бо Толибон дар ҳолест, ки ин кишвар аз замони дубора ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон мавзеъгирии шадиде нисбат ба Толибон дошт ва шартҳоеро барои оғози равобит бо ин гуруҳ пешниҳод карда буд. Аз ҷумла яке аз шартҳои муҳими Тоҷикистон ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндаҳои ҳамаи қавмҳои Афғонистон, бо шумули тоҷикон буд.

Тоҷикистон чаро ба Толибон рӯ овард?

Сафари болотарин мақоми амниятии Тоҷикистон ба Кобул дар пасманзари ин ки Тоҷикистон то кунун ягона ҳамсояи Афғонистон буд, ки аз равобити ошкоро бо Толибон худдорӣ мекард, ҳар гуна шарҳ дода мешавад.

Фаҳим Куҳдоманӣ, таҳлилгар ва дипломати собиқи Афғонистон мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо далоили амниятӣ ниёзманди ҳамкорӣ ва робита бо Толибон аст, авомили дигар сабаб шудааст, ки чунин гардише дар мавзеъгирии ин кишвар сурат бигирад.

“Ман фикр мекунам, ки фишорҳои Русия ва Чин боис шуд, ки Тоҷикистон тан бидиҳад ба ин кор. Аз сӯйи дигар танбалиҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъудро наметавонем нодида бигирем. Он қисме, ки таваққуъ мерафт, онҳо ҳадди ақал як пойгоҳ ё як вилоятро дар Афғонистон бигиранд, натавонистанд”,-мегӯяд Кӯҳдоманӣ.

Аз назари ин дипломати собиқ, робитае, ки Тоҷикистон бо Толибон гирифта наметавонад ғайр аз фоидаи кӯтоҳмуддати иқтисодӣ фоидаи дигаре ба ҳукумати Тоҷикистон биёрад. “Толибон як ҳукумати масъул нестанд ва террористҳои тоҷикистониеро, ки дар Афғонистон қарор доранд, ҳеч гоҳе таслими Тоҷикистон намекунанд, зеро онҳо ба ҳимояти Ал-қоида дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Толибон, Покистон, ки ҳомии аслияшон буд, аммо ҳоло аз Таҳрики Толибони Покистон ҳимоят мекунанд”,- таҳлил мекунад Кӯҳдоманӣ.

Ҳарчанд Тоҷикистон то кунун Сафорати Афғонистон дар Душанберо дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул нигаҳ медорад, аммо дар моҳи марти соли 2023 Толибон эълон карданд, ки Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон аз ҳукумати онҳо намояндагӣ мекунад.

Нақибуллоҳ Деҳқонзода, раиси ин консулгарӣ дар як видеое, ки вазорати хориҷаи Толибон нашр карда буд, мегуфт, ки зери чатри Толибон кор мекунад.

Тоҷикистон то ин дам равобити дигари иқтисодиву тиҷоратӣ бо Толибон, аз ҷумла содироти барқ, бозорҳои наздимарзӣ низ дорад. Дар 6 моҳи соли 2024 Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон бо Афғонистони зери назорати Толибон ба андозаи қариб 46 миллион доллар додугирифт доштааст.

Тоҷикистон, ки дар ибтидо дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард, ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд пойгоҳ додааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз оғоз равобити гуногуне бо Толибон доштанд ва ҳатто ин гуруҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карданд. Акнун, ки ин кишвар равобитро бо Толибон оғоз кардааст, таҳлилгарон мегӯянд, дар ояндаи наздик мушаххас хоҳад шуд, ки мисли ҳамсояҳои дигараш равобитро бо Толибон густариш медиҳад ё боэҳтиёт пеш меравад.

Манбаъ:

Комментарии (0)

Оставить комментарий