Чанд фисади пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик дар соли 2023 дуруст буд?

Чанд фисади пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик дар соли 2023 дуруст буд?
Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2023 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 88%-и онҳо дуруст баромад.Дар ин бора раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.Сатҳи дурустии пешгӯии ҳавосанҷон дар муқоиса бо соли 2022 панҷ фисад коҳиш ёфтааст. Кумита дурустии пешгӯии ҳавосанҷон дар соли 2022-ро 93% гуфта буд.Ба иттилои манбаъ, тайи соли қаблӣ аз ҷумла оид ба якбора баланд шудани сатҳи оби дарёҳои ҷумҳурӣ ва эҳтимолияти бавуҷудоии обхезӣ 16 маротиба огоҳӣ дода шуд, ки дурустии онҳо 84%-ро ташкил додааст.Таъкид шудааст, ки мониторинги натиҷаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ нишон медиҳад, дар соли 2023 ҳамагӣ 804 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳолат зиёд мебошад."Дурустии пешгӯиҳои зуҳуротҳои хавфноки обуҳавосанҷӣ дар ин давра 80%-ро ташкил менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 6% зиёд мебошад, аз ҷумла, 314 ҳолати фаромадани тарма ва 127 ҳолати сар задани сел ба қайд гирифта шудааст«, — афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод ҳамзамон бо мақсади пешгирӣ намудан ва эмин доштани соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аз офатҳои табиӣ 93 огоҳӣ бо давомнокии 184 шабонарӯз оид ба ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблияш бо давомнокии 34 шабонарӯз зиёд мебошад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий