Ширкати ҳавопаймоии "Эйр Астана" аз "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" тахфиф мехоҳад

Ширкати ҳавопаймоии "Эйр Астана" аз "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" тахфиф мехоҳад
Ахиран дар Душанбе масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Остана — Душанбе — Остана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба «Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана» аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон иттилоъ додааст.Ба иттилои манбаъ, ин масоил дар як дидори мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Сафарзода Дилшод Файзалӣ бо сафири Қазоқистон дар Душанбе Валихан Туреханов баррасӣ гардид.Зимни мулоқот сафири Қазоқистон таъкид кард, ки соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду кишвар мебошад ва дар солҳои охир пешравиҳои зиёде дар ин самт ба чашм мерасад."Дар вохӯрии мазкур масъалаи барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Остана — Душанбе — Остана ва имконияти пешниҳоди тахфиф ба «Ширкати ҳавопаймоии Эйр Астана» аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди муҳокима қарор дода шуданд«, — таъкид намудааст манбаъ.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карда шудааст, ки дар оянда низ робитаҳои боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий