Ба шарафи Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд

Ба шарафи Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд
Бахшида  ба  Рӯзи пойтахти Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе, ки пагоҳ таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Пойтахт- тараннумгари музаффариятҳои мо, ҷавонон ва варзишгарон» баргузории беш аз 340 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардониро  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, баргузории барномаҳо аз 15 апрели соли равон оғоз гардида, то 20 апрел идома меёбад.

Мақсад аз гузаронидани барномаҳои мазкур ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аксарияти  барномаҳои  фарҳангӣ, фароғатӣ, иттилоотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ пагоҳ, 20 апрел дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ  баргузор мегарданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий