Раиси шаҳри Душанбе бо Сафири Чин мулоқот намуд

Раиси шаҳри Душанбе бо Сафири Чин мулоқот намуд
Санаи 19-уми апрел Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ«Ховар» хабар доданд,  дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин бениҳоят калон аст.

Иштирокчиёни мулоқот бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки имрӯз шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст, ки ин яке аз омилҳои тавсеаи робитаҳои ҳамкории ҷонибайн маънидод мегардад.

Вохӯрӣ ба таври созанда сурат гирифта, дар  он атрофи дигар масъалаҳои   мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий