ШПАРГАЛКА БА ҲУКУМАТ: АНДОЗИ ҲАҚҚИ ЗИСТАН ҶОРӢ КУНЕД, ТО ҲАМА ХАЛОС ШАВЕМ

ШПАРГАЛКА БА ҲУКУМАТ: АНДОЗИ ҲАҚҚИ ЗИСТАН ҶОРӢ КУНЕД, ТО ҲАМА ХАЛОС ШАВЕМ

Ин пешниходро агар кабул кунед, шумо хам аз майна об кардану чустани роххои нави ситонидан халос мешавед, мо хам аз дарди сари хар кучо 'хак' супоридан. Пешниходе, ки мекунам, мисли низоми андози соддакардашудаи шумост. Биёед як кароре бароред, ки минбаъд мо хар як шахрванди кишвар мохе як бор намедонам унвонашро чӣмегузоред, хакки зистан, хакки шахрвандӣ ... номаш мухим нест, бароятон супорем. Мухим ин ки мову шумо аз ташвишхо халос шавем. Танхо як бор ва дар ягон бонк. Фаромӯш нашавад, меъёри эхтиёчотатон, хадди иштихоятонро дуруст хисоб кунед, то чанд вакт нагузашта дубора ба чустучӯи идеяи нави ситонидан нашавед.

Хостахои ширкатхои бароятон хосро хам дар хамин хакки зистан илова кунед, то моро ба гирифтани маълумотномаву ташхиспуливу либоси мактабӣ мачбур накунанд.

Хайр, идея чӣ хел?

Маъкул шуд?
 
Азиз Каримов

'Шпаргалка' -2 ба Хукумати Точикистон

Бознашр аз Фейсбук
Мо аз мушкилоте, ки руз ба руз ба душамон бор мекунед, чое барои шикоят надорем. (Чуз даргохи Худо).

Мо хак надорем, ки пули аз мухочират овардаи падару бародару фарзандамонро ба худои ё чашну сур сарф кунем, чун метарсем, ки чаримаамон мекунед. Мо дар Ватани худ барои аз рохи худ гузаштан пул медихем. Шумо дар рохи мо дарвоза сохтаед ва хеч як точикистони бидуни пардохти пул хак надорад аз рох гузарад. Ва тасмим доред, чунин дарвозахородар роххои дигари кишвар низ бисозед.

Имсол нархи обро 400 дарсад, интернетро 500 дарсад боло бурдед, арзиши баркро хам гарон кардед. Чуз ин обунаи мачбури, чаримахои бамавриду бемаврид хам бори души мост.

Шумо чанд сол кабл ширкатхои мобилиро мачбур кардед, ки аз мо андози аксиз бигиранд. Дертар хачми ин андозро зиёд кардед. Ба ин хам конеъ нашудед ва боз аз ин ширкатхо хостед, ки аз мо хар мохе 0.80 сомони симкортпули биситонанд. Холо бо талаби шумо ширкатхои мобили ба замми 80 дирам 25 сомонии дигар аз мо муштарипули мегиранд.

Барои барпо намудани чашнхо ва ободонии богхову муассисахо аз мо 'ёри' мепурсед. Беш аз ин хуб медонед, онхое, ки маоши бучави мегиранд бо 600 -700 сомони бори рузгорро наметавонанд кашид. Хоставу нохоста таъмини зиндагии эшон хам ба шонахои мо мардуми одди меуфтад. Фарк намекунад, ки онхо тухфа мегиранд ё пора. Якинан бо 600 сомони зиндаги намекунанд. Чун аслан бо ин маблаг зистан имкон надорад.

Хуллас, солхои охир ёд надорам, ки карору тасмимхои шумо сабукие барои мо оварда бошад.

Холо, ки эътирозхои моро ба як пули пучак намегиред, ва болотар аз шумо чуз Худованд хукумате нест, ки арз кунем, пас бароятон пешниходе дорам.

Ин пешниходро агар кабул кунед, шумо хам аз майна об кардану чустани роххои нави ситонидан халос мешавед, мо хам аз дарди сари хар кучо 'хак' супоридан. Пешниходе, ки мекунам, мисли низоми андози соддакардашудаи шумост. Биёед як кароре бароред, ки минбаъд мо хар як шахрванди кишвар мохе як бор намедонам унвонашро чӣ мегузоред, хакки зистан, хакки шахрвандӣ... номаш мухим нест, бароятон супорем. Мухим ин ки мову шумо аз ташвишхо халос шавем. Танхо як бор ва дар ягон бонк. Фаромӯш нашавад, меъёри эхтиёчотатон, хадди иштихоятонро дуруст хисоб кунед, то чанд вакт нагузашта дубора ба чустучӯи идеяи нави ситонидан нашавед.

Хостахои ширкатхои бароятон хосро хам дар хамин хакки зистан илова кунед, то моро ба гирифтани маълумотномаву ташхиспуливу либоси мактабӣ мачбур накунанд.

Хайр, идея чӣ хел?

Маъкул шуд?

Shifo Shodievna AmonovaБеҳтарин пешниҳод. Аз оне, ки ҳар рӯз бо ҳар сабаб маблағ ситонда мешавад, як бор дар як моҳ ҳамаашро месупориву баъд гуфти кампирако "сари кал, дандони инҷ" қарор мегирем.❤️❤️

Izzat Amon"Ҳаққи зистанпулӣ" ба гумонам бештар ба ин зулм мехурад. Воқеан, раҳбарияти кишвар дар як ҳолати суммун букмуне қарор доранд, ки аз воқеият фарсахҳо ба дуранд. Гумон накунам муроҷиатҳои пайдарпайи сокинон қарори қабулшудаҳоро иваз намояд. Онҳо дар дунёи худ ва мо мардуми оддӣ дар дунёи худ қарор дорем.


Комментарии (0)

Оставить комментарий