Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза

Вокуниши сафорати Эрон дар Тоҷикистон бар бомбборони беморхонаи Ғазза
Намояндагии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард .
“Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи ҳавлноку ҷунуномези Исроил ба бемористони “Алмаъмадони”-и Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин шуд”, - омадааст дар баёния.
Сафорат таъкид кардааст, ки ин иқдоми ваҳшиёна бидуни тардид намунаи наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.
Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий