Ҷанҷол карданду мардонро корд заданд: Боздошти ду зан барои авбошӣ дар Душанбе

Ҷанҷол карданду мардонро корд заданд: Боздошти ду зан барои авбошӣ дар Душанбе
Вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ду зане, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста мешаванд, дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.Тавре дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон хабар додааст зимни нахуст кормандони милитсия зани 31-сола ва ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карданд.Ба иттилои манбаъ, гумонбаршавандагон дар кӯчаи Зарафшони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар муноқиша намуда, сипас зани 31-сола бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи ҷавони 21-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Ҳамчунин ба иттилои ВУД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 33-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир намуданд.Номбурдагон, дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, зани 35-сола бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марди 33-сола задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.


САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий