Ҳушдори КҲФ аз сангфароиву тармарезӣ пас аз гармиҳо

Ҳушдори КҲФ аз сангфароиву тармарезӣ пас аз гармиҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, гармиҳои оғози моҳи феврал хатаротеро дар пай хоҳад дошт, бинобар ин сокинон бояд аз эҳтиёт кор бигиранд

Дар Тоҷикистон бинобар фарорасии гармиҳо ва баъдан боришот аз 31 январ то 2 феврал хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд мегардад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб дар ҷойҳо яхбандӣ боқӣ монда, хатари баланди боридани барф ва резиши тармаю санг пешбинӣ шудааст.

Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват менамояд, ки аз сафар ба маҳалҳои тармарез худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар вақти сафар ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки аз ҳолати роҳҳо хабардор шаванд, ҳангоми ҳаракат дар навоҳии куҳӣ ва ё манотиқи хафвноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Бино ба гузориши ҳавосанҷон ҳоло гармии ҳаво дар кишвар ба 11 дараҷа мерасад ва бинобар пешгӯҳо аввали моҳи феврал низ боз гарм хоҳад шуд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий