Бо оҳан ба сараш зад: боздошти сокини Исфара барои куштори ҳамсари 48-солааш

Бо оҳан ба сараш зад: боздошти сокини Исфара барои куштори ҳамсари 48-солааш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршуда аллакай парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ӯро дар куштори инсон муттаҳам мешавад

Дар шаҳри Исфара ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ сабт гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сокини 50-солаи ин шаҳр, маъюби гурӯҳи дуюм, ҳамсари худро ба қатл расондааст.

Манбаъ иллати кушта шудани ҳамсар аз сӯи шавҳарро рашк арзёбӣ кард.

Гуфта мешавад, мард ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - афзудааст ВКД.

Дар ҳамин ҳол, ВКД меафзояд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, тибқи ин модда ба боздоштшуда аз ҳашт то понздаҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий