Табибони тоҷик дугоникҳои ба ҳамдигар часпидаро аз ҳам ҷудо кардаанд

Табибони тоҷик дугоникҳои ба ҳамдигар часпидаро аз ҳам ҷудо кардаанд

Табибони тоҷик бо роҳи ҷарроҳӣ кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ”-ро муваффақона аз ҳам ҷудо кардаанд.

Вазорати тандурустии кишвар бо нашри чанд акс аз раванди ҷарроҳӣ навиштааст, ки он чанд рӯз пештар дар беморхонаи “Шифобахш” анҷом дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки волидайни тифлон аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошанд.

“Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд” , - гуфт манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд, бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё “дугоникҳои сиамӣ” яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамакнун бо роҳандози гардидани чунин услули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ? табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷриба ҳосил намуданд.

Айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

“Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбаъд низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад”,- гуфтаанд табибони “Шифобахш”.

Давоми чанд соли охир соҳаи ҷарроҳӣ дар кишвар рушд кардааст. Чанде пештар табибони тоҷик дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бори нахуст бо усули видеоторакоскопия ҷарроҳии шушро анҷом дода буданд.


Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий