Табибон сабаби марги Файзиниссо Воҳидоваро шарҳ доданд (ВИДЕО)
Табибони тоҷик сабаби марги Файзиниссо Воҳидова, вакили шинохта ва фаъоли ҷомеаи маданиро шарҳ дода, бемории ҷигарро омили асосии даргузашти ӯ номбар карданд.
Табибоне, ки Воҳидоваро муолиҷа кардаанд, иброз доштанд, ки Файзиниссо Воҳидова, “як баста” беморӣ дошт ва ӯ бар асари хуруҷи бемории сиррози ҷигар, фавтид.
Хуршед Оқилов, табиби шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд, ки Файзиниссо Воҳидова онҷо як ҳафта дар моҳи декабр муолиҷа шуд, гуфт:
“Ҷой доштани хунравии дарунӣ, бемор зардпарвини музмин дошт ва гузариш ба сиррози ҷигар шуд. Баъдан ба хунравӣ дар меъда ва сурхрӯда сабаб шуд. Фавт аз ин беморӣ аз 80 то 90 дар сад аст “.
Вакили 55-солаи тоҷик шаби 3-уми январ дар шифохонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд даргузашт.
Набиҷон Рауфов, табиби шифохонаи хусусии “Наргис”, ки вакили дифо барои муолиҷа ба онҷо мерафтааст, қайд кард, ки соли 2015 ҳангоми ташхис маълум карданд, Файзиниссо Воҳидова, бемории Гепатити B дорад ва солҳои баъдӣ аз ӯ пурсиданд, ки оё муолиҷа гирифтааст, ё не.
Гуфт, ки беаҳамиятӣ карда, ба муолиҷа аҳамият надодааст
“Муаллима гуфт, ки не аҳамият надодам, серкор будам, баъдан бемории гепатиташон авҷ гирифт” – гуфт Набиҷон Рауфов. Табиби тоҷик дафтари таърихи бемории Файзиниссо Воҳидоваро нишон дод. Ӯ гуфт, “агар шумо табиб бошед, худатон инро мефаҳмед”.
Ба қавли Хуршед Оқилов, табиби шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд, баъди бистарӣ шудани Файзиниссо Воҳидова, аз ӯ пурсидаанд, ки оё гипатитро муолиҷа карда буд. Воҳидова гуфтааст, ки "не".
Хуршед Оқилов афзуд, Файзиниссо Воҳидова бояд дар сабти шифохонаи бемориҳои сиротяӣ мебуд ва ҳар сол ҷигараш ду дафъа муолиҷа мешуд, вале ин корро накардааст. Таҳмина Раҳимова, аз хешовандони Файзиниссо Воҳидова рӯзи 7-уми январ гуфт, ки дар воқеъ ӯ “бемории гепатит дошт.”
Файзинисо Воҳидовро рӯзи 17-уми декабр бо бемории илтиҳоби шуш дар шифохонаи хусусии “Наргис” бистарӣ шуд, вале 25-уми декабри соли 2018 бинобар беҳтар нашудани вазъи сиҳатиаш ӯро ба бахши эҳёгарии беморхонаи шаҳрии Хуҷанд бурдаанд.

Комментарии (0)