Коршинос барои Тоҷикистон муваффақиятҳои бесобиқаро пешгӯӣ кард
Тоҷикистон чанд сол боз дар қатори кишварҳое, ки босуръат рушд доранд қарор дорад.Дар ин бора иқтисоддон Ренат Карамурзов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ибрози назар кард."Тоҷикистон пайваста ба даҳгона дохил мешавад. Ҷойҳои нуҳум, ҳашту ва ҷойи ҳафтум, вобаста аз сол дар давоми 10-15 соли ахир ишғол мекард«, — таъкид кард коршинос.Ба андешаи ӯ, дар соли 2025, ҳадди ақалл, мо бояд интизор шавем, ки нишондиҳандаҳое, ки қаблан буданд, боқӣ мемонанд.
Карамурзов ҳамчунин қайд кард, ки дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба маориф дар тӯли даҳсолаҳои зиёд таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва мардум низ ба он таваҷҷуҳ дорад."Ҳоло беш аз пеш маълум шуд, ки захираи асосӣ, бо эҳтиром ба захираҳои табиӣ, ин сармояи инсонист, ки дар фазои пасошӯравӣ аллакай фаровон аст. Дар ин самт, дар якҷоягӣ бо захираҳои табиӣ, ин метавонад ба минтақа ва бахусус Тоҷикистон комёбиҳои дурахшон ва ҳатто шояд бесобиқа дар таърихи навро фароҳам оварад«, — мегӯяд иқтисоддон.Ёдовар мешавем, ки Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) рушди иқтисодро пешгӯи кард, ки дар он нишондодҳои баландтаринро дар соли 2025 Тоҷикистон нишон хоҳад дод. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар соли равон 8,4% пешбинӣ шудааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)