Коршинос: Терроризм барои Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ИДМ душмани муштарак аст

Коршинос: Терроризм барои Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ИДМ душмани муштарак аст
Терроризм як душмани муштараки кишварҳои ИДМ аст ва Тоҷикистон аз ин ҷониб шояд ба чолишҳои ҷиддитар дучор шудааст.Дар ин бора Никита Мендкович, раиси Клуби таҳлилии Авруосиё дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.Вай фоҷиаеро ёдовар шуд, ки 22 марти соли гузашта дар «Крокус» рух дод ва боиси кушта шудани 140 нафар гардид. Омилони ин ҷинояти даҳшатбор асосан аз Тоҷикистон буданд.Ба гуфтаи Мендкович, созмондиҳандагони ҳамла дар «Крокус» зери таъсири ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ қарор доштанд, ки гурӯҳҳои террористии радикалиро дастгирӣ мекунанд."Аз ин рӯ, нақши мушкилоти тоҷикон дар қазияи «Крокус» хеле кам аст. Мо як душмани муштарак дорем, ки ба истиқлоли Русия ва Тоҷикистон баробар таҷовуз мекунад«, — таъкид кард ӯ.
Рӯзи 22 март дар толори консертии „Крокус“ воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт. Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуданд.
Онҳо аз масофаи дур одамонро парронданд, сипас курсиҳои толорро оташ заданд ва бомбҳои оташзананда партоб карданд, ки ин боиси оташсӯзии бузург ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ҳамлаи террористӣ дар „Крокус“ беш аз 140 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон будаанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон будаанд.Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ омилон ба самти Украина ҳаракат карданд, ки дар он ҷо барои онҳо „тиреза“ омода карда шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиён набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий