Мақомоти Тоҷикистон гуфт кай сохтмони метро дар Душанбе оғоз мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки сохтмони метро дар пойтахти кишвар дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст."Омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар моҳҳои апрел — майи соли 2025 ба анҷом расонида мешавад ва тарҳрезии дақиқи сохтмони метро аллакай дар моҳҳои июн–июл шуруъ мегардад«, — қайд кардааст вазорат.Вазорати нақлиёт таъкид кардааст, ки аввалин шохаи метрои сабуки Душанбе аз канори ҷанубии шаҳр ба марказ, то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад, ки дарозии он 10,5 км хоҳад буд."Дар ин қитъа рельефи мувофиқ мавҷуд аст ва сохтмони хат дар ин масир бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин мекунад«, — хабар додааст вазорат.Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея Ким Хан Ён Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки дар он тарҳрезии метрополитен дар Душанбе зикр ёфтааст.Барномаи мақсадноки давлатии рушди маҷмааи нақлиётӣ то соли 2025, ки низ имконияти сохтмони метрополитен дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад, соли 2011 қабул карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳадафи сохтмони метро дар шаҳрро шарҳ дода буд. Ба гуфтаи вазир ин тарҳ ба хотири рафъи мушкили ҳаракати одамон ва нақлиёт, ки интизор меравад, то чанд соли дигар гиребонгири пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд, роҳандозӣ шудааст.Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба зиёд шудани нуфусу меҳмонони шаҳри Душанбе ва ба дунболи он, пеш омадани мушкили ҳаракат дар роҳҳои мошингард сохтмони метрои зерзаминии шаҳрӣ як эҳтиёҷи иҷтинобнопазир аст.
»Тамбашавии пайваста ва аз меъёр зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз мебинем, то чанд соли дигар ба як мушкили ҷиддӣ табдил хоҳад шуд. Аз ин хотир, он гуна ки дар урфият мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки метрои зеризаминӣ ба муҳимтарин воситаи ҳаракати мусофирин дар Душанбе табдил хоҳад ёфт, он гуна ки дар калоншаҳрҳои ҷаҳон мо мебинем«, — гуфт Азим Иброҳим.Барҳи метрои зерзаминӣ дар Душанбе аз сӯи мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва ширкатҳои куриёии „Deahan Consultants Co. Ltd“ (муҳандисии замину нақб), „Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd“ (муҳандисии структивӣ), „Asia Railway Technology“ (системаи ситгнал ва алоқа), „Sejong Engineering Co. Ltd“ (талаботу тақсимоти барқ) иҷро мешавад.Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бино ба пешбиниҳо, сохтмони метро аз қаламрави Сирк, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Саъдии Шерозӣ шуруъ шуда, то бозори „Корвон“ идома хоҳад кард ва баъд аз он ба ҷониби Корхонаи семент кашида хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ марҳалаи аввали он 10,6 километрро ташкил хоҳад кард.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)