Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт

Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Меҳди Саноӣ, мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон аз сафари Масъуд Пизишкиён президенти Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон ва Русия хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории «ИРНА».Ба гуфтаи оқои Саноӣ дар ин дидорҳо асноди мутаъаддидӣ ба манзури густариши равобит имзо мешавад."Даъватномаҳое низ аз оқои Владимир Путин ва оқои Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуда ва авохири даймоҳ (миёнаи моҳи январ) ба Тоҷикистон ва Русия сафар мекунад. Асноди мутаъаддиде ба манзури густариши равобит имзо мешавад«, — гуфт мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон.Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.Бодя қайд кард, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.


ИСТОЧНИК:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий