Исроил дар як шабонарӯз беш аз 80 сокини Ғаззаро кушт
Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза тайи 24 соати гузашта дастикам 88 нафар кушта ва 208 нафар захмӣ шудаанд.Дар ин бора Вазорати тандурстии навори Ғазза иттилоъ дод."Дар давоми 24 соати гузашта артиши Исроил дар навори Ғазза панҷ куштори оммавии хонаводаҳоро анҷом додаанд, ки дар натиҷа 88 кушта ва 208 нафар маҷрӯҳ шуда, ба бемористонҳо интиқол ёфтанд«, — афзд манбаъ.Ба гуфтаи ин вазорат, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз оғози даргириҳо ба 45,8 ҳазор нафар расида, беш аз 109 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.7 октябри соли 2023 Исроил аз сӯи навори Ғазза мавриди ҳамлаи мшакӣ қарор гирифт. Пас аз ин ҷангҷӯёни ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ ба манотиқи марзӣ ворид шуда, ба сӯи низомиён ва ғайринизомиён оташ кушоданд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.
Ба гуфтаи мақомот, тақрибан 1200 нафар аз ҷониби Исроил кушта шудаанд. Нерӯҳои дифои Исроил дар посух ба амалиёти „Шамшерҳои оҳанин“, ки ҳамла ба ҳадафҳои ғайринизомиро дар бар мегирифт, оғоз карданд ва муҳосираи комили навори Ғаззаро эълон карда, интиқоли об, нерӯи барқ, сӯзишворӣ, ғизо ва доруро қатъ карданд.Вазорати хориҷаи Русия аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки амалиёти ҷангиро қатъ кунанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Ба эътиқоди Маскав, созиш танҳо бар асоси формулаи тасвибкардаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо таъсиси давлати Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ имконпазир аст.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)