Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз он, ки байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби Қирғизистон, алалхусус баъзе сокинони хашмгини он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, қасдан ин созишҳоро вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби Қирғизистон низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар замон бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.
24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд. Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ аст. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доимо талаботи протоколҳои дар боло зикршударо сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.
Далелҳо бешубҳа нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғзистон ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси ҳамсоягон мебошад, ҳал кардан намехоҳад ва баръакс мекӯшанд ба Тоҷикистон фишори нерӯӣ оваранд. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.
Айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.
Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Комментарии (0)