Рособрнадзор аз муҳоҷирон хост, ки пешакӣ ба фарзандонашон забони русиро омӯзанд
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки қасди кӯчидан ба Русияро бо хонаводаашон доранд, бояд пешакӣ ба фарзандонашон забони русӣ омӯзонанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба раиси Рособрнадзор Анзор Музаев менависад.
Вай тавзеҳ дод, ки фарзандони муҳоҷирон бояд забони русиро донанд, то фарҳанги рафтори кишварро дарк кунанд ва бо ҳамсолон муошират кунанд.
"Агар шумо зиндагиатонро бо Русия мепайвандед, шаҳрванди он шудан хоҳед, мехоҳед, ки фарзандонатон дар ин ҷо таҳсил кунанд, пас бе надонистани забони русӣ чӣ гуна метавон донишро аз худ кард?". — гуфт Музаев.
Ба гуфтаи ӯ, агар як хонавода тасмими кӯчидан ва зиндагӣ карданро дар ин ҷо кунад, то фарзандонашон дар мактабҳои русӣ таҳсил кунанд, бояд пешакӣ кор кунанд, то кӯдак забони русиро донад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонуне пешниҳод шуда буд, ки бар асоси он фарзандони хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, қабл аз қабул ба мактабҳо аз санҷиши дониши забони русӣ мегузаранд. Муаллифони лоиҳа вакилони ЛДПР таҳти раҳбарии раҳбари ҳизб Леонид Слутский буданд.Қаблан директори департаменти сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи таҳсилоти умумии Вазорати маорифи Русия Алексей Благинин хабар дода буд, ки тақрибан 12% ё 25 ҳазор кӯдакони муҳоҷир дар Федератсияи Русия пас аз анҷоми соли хониш забони русиро намедонанд ва ё суст медонанд.
САРЧАШМА:sputnik
Комментарии (0)