Даргузашти собиқадори футболи тоҷик Шӯҳрат Аъзамов

Даргузашти собиқадори футболи тоҷик Шӯҳрат Аъзамов
Собиқадори футболи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари тими «Помир"-и Душанбе Шуҳрат Шарофович Аъзамов дар синни 72 солагӣ даргузашт.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.Ба иттилои наздикони марҳум, ӯ тайи чанд соли ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.ФФТ мегӯяд, ӯ тамоми фаъолияти худро дар лигаи якуми СССР дар ҳайати дастаи «Помир» гузаронидааст.
Солҳои 1971-1982 дар 336 бозӣ ширкат карда, 11 гол ба самар расонидааст.
Ӯ ҳамзамон дар корномаи варзишияш мураббигӣ низ кардааст.Курсҳои мураббигиро дар Арабистони Саудӣ хатм карда, тайи солҳои 1989-1991 сармураббии дастаи «Хуҷанд» буд.Солҳои 1992-2009 дар сохтори бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий