Дар Эрон имкони таҳвили нафти хом аз ин кишвар ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад, бо масъулини баландпояи бахши энергетикии Эрон имкони таҳвили нафти хомро бо пешниҳоди тахфифҳо ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар медиҳад, ки ӯ дар суҳбат бо Муҳсин Покнажод, вазири нафти ин кишвар ин масъала ва масоили ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, инчунин, табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳоро муҳокима кардааст.
Ду ҷониб, вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули афкор кардаанд.
Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар дидори бо Аббос Алиободӣ, вазири неруи Эрон аҳамияти нерӯгоҳи «Роғун» барои минтақа, раванди пайвастани Тоҷикистон бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва лоиҳаи CASA-1000, инчунин кашондани нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин, бо Муҳаммад Ҳайдарӣ, директори генералии ширкати «Фароб» масъалаҳои марбут ба фаъолити НБО «Сангтӯда-2″ муҳокима кардааст
»Зикр гашт, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба кори боэътимоди неругоҳ бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ба мақсад мувофиқ мебошад«, — гуфта мешавад дар хабар."Сангтӯда-2″ бо сармояи асосии Эрон сохта шуда, агрегати якуми он соли 2011 ва дуввумаш соли 2014 ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад.
Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)