Хонаи падарии Иноятзодаро мусодира мекунанд. Бародараш норозист
Ором Иззатов, бародари Баҳром Иноятзода, раиси собиқ ва зиндонии шаҳри Кӯлоб, шикоят дорад, ки мақомоти маҳаллӣ ӯ ва аъзои оилаашро барои холӣ кардани хонаи падарӣ зери фишор гузоштаанд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, ин манзил ба бародараш ва фаъолиятҳои ӯ ҳеч рабт надорад.
Баҳром Иноятзода дар соли 2020 боздошт ва дувоздаҳ сол зиндонӣ шуд.
Додгоҳ ӯро ба “суистифода аз мансаб, гирифтани ришва, аз худ кардани моликияти давлат, қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, қонунгардониии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада” гунаҳкор донист. Наздиконаш ҳукмро беасос хонданд. Худаш гуфт, "дар Тоҷикистон адолати судӣ нест, нест."
“Бародарам соли 1978 аз ин хона баромада рафтааст. Падарам хонаро ба ман мерос дод. Бист сол дар Русия азоб кашида, онро бозсозӣ кардам. Инҳо даъво доранд, ки хона бо пули дуздӣ сохта шудааст. Ҳеч далел нест. Дар ягон ҳуҷҷати хона номи Баҳром нест,” – гуфт Ором Иззатов рӯзи 8-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Дар ин манзил Ором Иззатов бо панҷ фарзанду наберааш зиндагӣ дорад. Мегӯяд, ки ин сарпаноҳи охиринашон аст ва ҷойи дигаре барои рафтан надоранд.
Шарҳи мақомот дар Кӯлоб дастрас нест. Ором Иззатов аз қавли намояндагони давлат гуфт, манзили падаришон бо қарори додгоҳ моликияти давлатӣ шудааст ва бояд онро холӣ кунанд.
Нигаронии ӯ аз он аст, ки “қарори додгоҳ дар бораи мусодираи хона гуё дар соли 2020 содир шуда, тоза барои берун шудан фишор меоранд”.
Баҳром Иноятзода дар моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Аз он пеш раиси шаҳри Истаравшан ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.
Номи Иноятзода дар моҳи феврали соли 2020, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард. Аз ангуштшумор раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ки дар замони сари кор буданаш дастгир ва зиндонӣ шудааст.
Источник:

Комментарии (0)