Эрон дар сурати муқовимати мустақим бо Исроил чанд сенарияи амал таҳия кардааст

Эрон дар сурати муқовимати мустақим бо Исроил чанд сенарияи амал таҳия кардааст
Фармондеҳии Эрон дар сурати ворид шудани Теҳрон ба бархурди мустақим бо Исроил як қатор нақшаҳои амалро таҳия кардааст.Дар ин бора фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ контр-адмирал Алиризо Тангсирӣ изҳор дошт."Мо дар мавриди бархӯрд бо душман як қатор сенарияҳоро тартиб додем«, — қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, „Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо оташ бозӣ мекунад“ ва дар ин замина артиши Эрон як силсила тамринҳо анҷом додааст.Дар навбати худ як манбаъ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба хабаргузории „Тасним“ гуфтааст, ки артиши Эрон ба амалҳои эҳтимолии Исроил комилан омода аст.Дар ҳамин ҳол, шаклҳои вокуниши Эрон ва ҳамлаҳои ҷавобии он ба он вобаста хоҳад буд, ки ҷониби Исроил чӣ кор мекунад."Эрон феҳристи ҳадафҳо дар Исроилро дорад ва амалиёти воқеии ваъдаи 2 собит кард, ки мо метавонем ҳар маконеро, ки мехоҳем, ба хок яксон кунем«, — гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 октябр Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар чаҳорчӯби амалиёти „Ваъдаи воқеии 2“ ба сӯи Исроил миқдори зиёди мушакҳоро партоб кард.Артиши исроилӣ гуфтааст, ки ба ин ҳамла дар сурати муносиб посух хоҳад дод.Хабаргузории эронии „Форс“ бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар ҷараёни зарбаи мушакӣ Эрон ба аксари ҳадафҳои пешбинишуда дар Исроил зарба зад.Қаблан рӯзномаи The Washington Post қаблан гузориш дода буд, ки дастикам 20 мушаки дурпарвози Эрон рӯзи сешанбе ба системаҳои дифоъи ҳавоии Исроил ва муттаҳидонаш убур карда, дастикам се пойгоҳи низомӣ ва истихборотии Исроил, аз ҷумла Неватим ва Тел Нофро ҳадаф қарор доданд.Нерӯҳои дифои Исроил баъдан эътироф карданд, ки чанд мушаки Эрон ба пойгоҳҳои ҳавоии Неватим ва Тел Ноф зада шудааст.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий