Маълум шуд, ки Маркази кӯдакҳои лаёқатманд аз тарафи Русия кай сохта мешавад
Қарор аст, имсол кор сохтмони Маркази кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри ушанбе оғоз ёбад.Дар ин бора Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия дар шабакаи Телеграми худ дар пайи ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон хабар дод.У кайд намуд, ки сохтмони театри драмавии ба номи Маяковский дар ҳамин муҳлат ба нақша гирифта шудааст."Мо корҳо барои сохтмони маркази кӯдакони лаёқатмандро дар шаҳри Душанбе идома медиҳем ва бинои нави театри драмавии русӣ ба номи Маяковский низ маблағгузорӣ шуд, корҳои омодагӣ дар марҳилаи анҷомёбист«, — навиштааст Хуснуллин
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуда буд. Вай бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошта, дар 20-умин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ширкат кард.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ Расулзода қайд кард, ки ҳаҷми сармоягузории Русия дар дар Тоҷикистон дар даҳ соли охир беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил додааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)