Дар Қазоқистон раъйпурсӣ баро бунёди нерӯгоҳи атомӣ идома дорад: онро кӣ месозад?
Дар Қазоқистон раъйпурсӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи идома дорад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.Ба иттилои манбаъ, барои овоздиҳӣ 10325 нуқта аз ҷумла 73-тоаш дар хориҷа (дар 61 мамлакат) мавҷуд аст.Раъйпурсиро 177 намояндаи 30 давлат, аз ҷумла вакилони кишварҳои ИДМ, СҲШ, СДТ ва 200 хабарнигори хориҷӣ назорат мекунанд.Имрӯз дар Остона, Караганда, Атирау, Петропавловск, Павлодар ва Семей нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон хоҳад буд. Ҳисобкунии овозҳо на дертар аз 12 соати ба охир расидани овоздиҳӣ — соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.
Сипас, вилоятҳо бояд дар давоми ду рӯз санадҳои ҷамъбастии натиҷаҳои овоздиҳиро дар воҳидҳои ҳудудии маъмурӣ пешниҳод кунанд.
Пас аз ин Комиссияи марказии интихоботӣ бояд дар давоми ҳафт рӯз натиҷаҳоро ҷамъбаст ва эълон кунад.Раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки дар он зиёда аз нисфи шумораи умумии шаҳрвандони ба рӯйхат дохилшуда иштирок кунанд.Президент Қосимҷомарт Тоқаев ёдовар шуд, ки ӯ борҳо дар бораи сохтмони нерӯгоҳи атомӣ изҳори назар кардааст."Барои он ки дар канори пешрафти ҷаҳонӣ набошем, мо бояд аз афзалиятҳои рақобатии худ истифода кунем, агар шаҳрвандон «ба ҷонибдорӣ» овоз диҳанд, ин лоиҳа дар таърихи Қазоқистони соҳибистиқлол бузургтарин лоиҳа хоҳад шуд«, — таъкид кард ӯ.Номбурда қайд кард, ки сохтмони нерӯгоҳи атомӣ лоиҳаи дарозмуддатест, ки пешрафти устувори кишварро барои даҳсолаҳои оянда таъмин намуда, соҳибихтиёрии энергетикии онро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, илму маориф такони пурқувват мебахшад.
Ӯ зимни раъйдиҳӣ дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи атомиро кӣ ба даст хоҳад овард, гуфт, ки онро натиҷаи музокироти ҷиддӣ муаян хоҳад кард.Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қазоқистон, дар сурати ризояти қазоқҳо, сохтмон ва нигоҳдории минбаъдаи нерӯгоҳи атомиро бояд як консорсиуми байналмилалӣ анҷом диҳад.Он аз ширкатҳои ҷаҳонӣ бо технологияҳои пешрафта иборат хоҳад буд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)