Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ машварат доир намуданд

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия оид ба таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ машварат доир намуданд
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин бобати таҳкими ҳамкорӣ барои фароҳам овардани заминаи мусоид дар фазои иттилоотӣ ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар қолабҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон муҳимияти кори муштарак оид ба муқовимат ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотӣ оид ба  Тоҷикистон ва Русия, робитаҳои ду давлат, инчунин дар мавзуи муносибатҳо байни миллатҳо таъкид карда шуд.


АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий