Дар ноҳияи Нуробод ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд

Дар ноҳияи Нуробод ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд
​Тавре ба  АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҳамоиш масъалаи хурофотпарастӣ ва роҳҳои паст кардани шиддати он дар ҷомеаи Тоҷикистон ва васеъ намудани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии ин шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар самти мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, ки заминаи мусоид барои ифротгароӣ, терроризму экстремизм аст, дар байни давлатҳои ҷаҳон давлати пешсаф мебошад. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби суботзудоянда, ки метавонад на танҳо ба миллату халқият, балки ба аксари миллатҳову давлатҳо зиёни ҷуброннопазир расонад, мубориза мебарад. Раванди хурофотпарастӣ танҳо мушкилоти замони истиқлолияти ҷумҳурӣ набуда, тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Вобаста ба имконият ва таҷрибаҳо ҳар мамлакат роҳҳои муқовимат бо ин зуҳуроти номатлубро доранд ва амалӣ менамоянд.
Таъкид гардид, ки масъалаи хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дар мулоқоти Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти имсол баргузор шуд, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, Роҳбари давлат бо изҳори нигаронӣ аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ таъкид доштанд, ки «ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбад, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад».
Аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои дахлдор иброз гардид, ки таҳлили вазъияти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сатҳи ифротгароӣ дар мамлакатҳои ҳамсоя аз Тоҷикистон кам нест. Таҷриба исбот намудааст, ки занону ҷавонони бехираду ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни динӣ, яъне таассубу ифротгароӣ бовар намуда, ба иҷрои мақсадҳои нопок камар мебанданд. Афсӯс, ки ин ҳамаро ба дини мубини Ислом нисбат медиҳанд, то мардум бовар кунанд. Ва мардуми содаву ноогоҳ бовар мекунанд. Ҳол он ки Ислом зидди ҳама гуна хурофоту таассуб, зидди исрофкорӣ, дурӯғу газзоф, бадкирдорӣ, мардумозорӣ, одамкушӣ ва харобкорӣ аст.
Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ, яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс дар асри Х гуфта буд: «Таассубу хурофот чашмҳои биноро кӯр мекунад ва гӯшҳои шунаворо кар месозад».
Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи умумибашарӣ ва илму техника босуръат тараққӣ мекунад, пойбандӣ ба хурофот барои соҳибмаърифату соҳибкасб гардидани ҷавонон монеаҳо эҷод менамояд. Таассубу хурофот аз нодонӣ ва ҷаҳолати ҷомеа маншаъ мегирад. Дар ҳолати ҷаҳолат қарор доштани ҷомеа он ҳамеша ба манфиати гурӯҳҳое (ба монанди ҷодугарон, бахткушоён, бандкушоён, мушкилкушоён ва ғайра) аст, ки ба муфтхӯрии иҷтимоӣ одат кардаанд.
Терроризм ва ифротгароӣ дар фазои тарсу ҳарос, нобоварӣ ва таҳаммулнопазирӣ, ки аксар вақт аз хурофот бармеангезад, инкишоф меёбанд. Хурофот ҷузъи ҷудонашавандаи зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ буда, барои паҳн намудани ақидаҳои ифротгароёна ва таҳқири мавқеи иҷтимоии шахс шароити мусоид фароҳам меоранд. Мубориза бо хурофот унсури асосии стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа  тавсеаҳои зиёде қабул шуданд. Гуфта шуд, ки дар таҷрибаи кунунӣ бояд талаботи конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асл қарор дода шуда, дар муқобили ҳама гуна ҷинояткорӣ бояд қонун татбиқ карда шавад ва ҷиноятро аз доираи муборизаи идеологӣ ҳамчун дин берун карда, таҳти назорат ва ҷазои қатъии қонун бояд гузошт.
Ҳамроҳ шудани ҷавонон ба ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз мушкилоти асосии рӯз аст. Ҳарчанд намояндагони вазорату идораҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намоянд ҳам, чунин вохӯриҳо самараи дилхоҳ намедиҳанд. Бинобар ин ба чунин чорабиниҳо ҷалб намудани мутахассисони касбӣ — исломшиносон ва ходимони маъруфи мазҳабӣ ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий